Ссылки доступа

Тереза Мэй боварии порлумони Бритониёро ба даст овард


Сарвазири Бритониё Тереза Мэй эътимоди аксари вакилони порлумони кишварашро ба даст овард. 306 вакили порлумон ба Мэй изҳори нобоварӣ карда, 326 кас зидди истеъфои ӯ раъй доданд.

Пешниҳоди изҳори нобоварӣ ба Мэйро раҳбари Ҳизби мухолифи коргари Бритониё Ҷеремӣ Корбин ба порлумон ироа карда буд. Ӯ ин пешниҳодро баъди он кард, ки порлумон созишномаи ҳукумати Мэйро барои бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) напазируфт. 432 вакил зидди созиши бо Брюссел баромаданд.

Раъйгирии рӯзи сешанбе бузургтарин бохти сарвазири Бритониё дар порлумон тайи 95 соли ахир буд. Мэй талош кард, вакилонро қонеъ кунад, аз созишномае ҷонибдорӣ кунанд, ки ҳукумати ӯ дар натиҷаи гуфтугӯҳои тӯлонӣ бо ИА ба даст овардааст.

Интизор меравад, Мэй рӯзи панҷшанбе машваратро бо раҳбарони ҷиноҳҳои порлумонӣ дар бораи шартҳои эҳтимолии "нақшаи дувум" оғоз кунад. Эҳтимол аст, 21 январ дар робита ба стратегияи нави бурунрафти Бритониё аз ИА дубора дар порлумон раъйгирӣ шавад.

Агар ин бор низ нақшаи ҳукумат қабул нашавад, порлумони Бритониё эҳтимол аст, раванди бурунрафт аз ИА-ро зери назорат гирифта, барои ҳосили созишномаи нав худаш талош кунад. Чун дар ғайри сурат, Бритониё маҷбур мешавад, бидуни созиш ИА-ро тарк кунад.

XS
SM
MD
LG