Ссылки доступа

Мағозаҳои давлатии Ишқобод фурӯши тамокуро дубора оғоз карданд


Фурӯшгоҳҳои давлатии шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон 14 январи соли равон фурӯши тамокуро пас аз таваққуфи якуниммоҳа аз сар гирифтанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, тамоку бо маҳдудият фурӯхта мешавад.

"Сокинон барои тамоку аз соати 6-7-и субҳ навбат меистанд. Фурӯши он аз 40 дақиқа то 1 соат идома мекунад. Равандро 2-3 маъмури пулис, 3-4 донишомӯзи донишкадаи низомӣ ва 2-3 каси дигар дар либоси мулкӣ назорат мекунанд", - гуфт хабарнигор 15 январ.

Ба гуфтаи ӯ, тамокуро метавон дар фурӯшгоҳҳое пайдо кард, ки дар хиёбонҳои марказӣ ҷойгир нестанд. Барои ҳар як муштарӣ як қуттӣ фурӯхта мешавад.

"Дурбинҳои назоратӣ насб шудааст. Агар муштарие бори дувум навбат истад, кормандони пулис ӯро ҳушдор медиҳанд, ки ба хубӣ биравад, набошад, барои авбошӣ муҷозот мешавад", - изҳор дошт хабарнигори бахш.

Бо вуҷуди назорати маъмурони пулису хадамоти махсус дар навбатпоиҳо барои тамоку задухӯрдҳо сурат мегирад. 14 январ дар фурӯшгоҳи №20-и ноҳияи Багтиярлик миёни фурӯшанда ва харидор ҷанҷол сар задааст.

XS
SM
MD
LG