Ссылки доступа

Модари варзишкори кушташуда Денис Тен хост, парванда ба тафтишот баргардонида шавад


Дар додгоҳи Алматои Қазоқистон модари варзишкори кушташуда Денис Тен дархост кард, ки парванда ба тафтишот баргардонида шавад.

Модари варзишкор бовар дорад, ки қотилон кушторро бо фармоиш иҷро кардаанд. Дар додгоҳ 16 январ баҳси ҷонибҳо шуруъ шуд. Додситон барои се айбдоршаванди ин парванда зиндон талаб кард.

Оксана Тен, модари Денис Тен гуфт, ки наворҳо собит мекунанд, ки қотилон медонистанд, соҳиби мошин кист. Аз гуфтугӯҳои телефонии қотилон ва дигар шоҳидоне, ки дар додгоҳ пурсида шуданд, маълум аст, онҳо бо ҳам иртибот доштаанд. "Возеҳ аст, ки ҷузъиёти ҷинояти содиршуда дар рафти тафтишот санҷида нашудааст", - гуфт вай.

Намояндаи додситонӣ дархости модари варзишкорро ҷонибдорӣ накард.

Варзишкори маъруфи қазоқ ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола 19 июли соли 2018 дар бемористони шаҳри Алмато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро дузданд.

XS
SM
MD
LG