Ссылки доступа

Барфу ях роҳи Бадахшонро баст ва мошинро чаппа кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 16 январи соли 2019. Кӯшиши худсӯзии зани солхӯрда дар боздоштгоҳи ноҳияи Айнӣ, ҳоли ногувори муҳоҷирони дохилӣ дар вилояти Хатлон, солгарди худсӯзии Ян Палах дар Чехия, арзёбии тақдими содаи шаҳрвандии Русия ба зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ ва матолиби дигар. (видео)

- Овохзони афғон - шабаҳи сарвазири Канада Ҷастин Трюдо (видеои Настоящее время)

- Душанбе соҳиби троллейбусҳои нав мешавад. Дар ними роҳ дармондани троллейбусҳо ва чеҳраи норозии мусофирон, ки ба ҷое шитоб доранд, тасвири барои пойтахти Тоҷикистон шинос аст. Дар ин шаҳри пур аз мошин ва автобусу троллейбус, гоҳе мешавад, ки мусофир ба маконаш ба сахтӣ мерасад ва гоҳе дигар маҷбур аст таксӣ киро кунад (видео)

- "Пулҳоро дар хона ҷамъ мекунам". Яке аз ҳамсуҳбатони мо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе гуфт, ки ба бонкҳо чандон бовар надорад ва кӯшиш мекунад, пулҳояшро дар хона нигоҳ дорад. Аз соли 2014 ба ин тараф ҳамфикрони ин ҳамсуҳбати мо зиёдтар шуданду кам не (видео)

- Барфу ях роҳи Бадахшонро баст ва мошинро чаппа кард. Дар пайи барфрезии шадиди ду рӯзи охир ва фаромадани тарма, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ баста шуда ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муҳосираи барф қарор гирифтааст. Қатъи ҳаракат дар ин шоҳроҳ сокинонро нигарон кардааст (видео)

- Бо "папаха"-и Ҳабиб дар хиёбонҳои Душанбе (видео)

- Осиё: ду сол пеш дар наздикии Бишкек ҳавопаймо суқут кард. Ду сол пеш дар деҳае дар наздикии шаҳри Бишкек ҳавопаймои борбаре суқут кард. Додситон барои қотилони варзишкори маъруфи қазоқ Денис Тен 20 соли зиндон талаб дорад. Имомҳои тоҷик истифодаи доруҳои шаҳватзоро иҷозат доданд. Дар Қирғизистон мақоми давлатии забони русиро бекор карданианд. (видео Настоящее время)​

- Додситон барои қотилони варзишкори қазоқ Денис Тен 20 соли зиндонро талаб дорад. (видеои Настоящее время)

- "Сирри қудрат". Рита Карасартова: мақомот боз дар даст шамшереро бо номи КГБ доранд. Фаъоли маданӣ Рита Карасартова дар барномаи навбатии "Сирри қудрат" гуфт, ки чаро номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард ва чаро мехост, раиси дастгоҳи президент бошад. (видео)

- Бритониё пас аз ба ҳам задани нақшаи бурунрафт аз Иттиҳоди Аврупо ба чӣ омодагӣ мебинад? (видеои Настоящее время)

- Русия ба кӣ пул медиҳаду қарзи киро мебахшад? (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG