Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон: миёни ҳамлагарон ба нозирони табиат кормандони пулис нестанд


Пулиси Қазоқистон шахсияти гумонбарони ҳамла ба кормандони ширкати "Охотзоопром"-ро муайян кард.

Калмуханбет Қосимов, вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ки дар он ҳамла як кас кушта, як тани дигар ҷароҳат бардошт.

Вазир гуфт, бо моддаи "Куштор" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Вай афзуд, миёни гумонбарон кормандони пулис нестанд.

Ахиран Андрей Лукин, муовини додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ҷинояткорон "сарфи назар аз мавқеи иҷтимоиву молиашон" муҷозот хоҳанд шуд.

Ҳамла ба кормандони "Охотзоопром" рӯзи 13 январ дар ноҳияи Нурини вилояти Қарағанда рух дод. Он рӯз мехостанд, гумонбарони куштори сайгаҳо (як навъ бузҳои саҳроӣ)-ро боздошт кунанд, аммо гумонбарон муқобилат нишон доданд.

XS
SM
MD
LG