Ссылки доступа

Дар тазоҳуроти "зиддичинӣ"-и Бишкек 21 нафар боздошт шуд


Дар тазоҳуроти майдони "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек, ки бо талаби пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Қирғизистон 17 январ баргузор гашт, 21 нафар боздошт шуданд.

Пулиси Қирғизистон мегӯяд, ин афрод бо кӯшиши бастани роҳи мошингард ва гуфтани суханҳои қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карданд.

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, шаҳрдории Бишкек барои баргузории тазоҳурот аз соати 10:00 то 13:00 иҷозат дода буд. Муовини сардори пулиси пойтахти Қирғизистон Эрлан Атантаев пас аз ба поён расидани муҳлат тазоҳургаронро пароканда кард.

Созмондиҳандаи тазоҳурот Аманбол Бобоқулов низ аз иштирокдорон хостааст, ки бидуни муноқиша пароканда шаванд. Ҳамчунин хабар додааст, ки як гуруҳ барои ироаи дархостҳо дар шакли хаттӣ ба порлумон рафтанд. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда, эътирозгарон пароканда нашуданд.

Соати 15:00 ҳайат аз порлумон баргашта, гуфтаанд, номаро ба муовини раиси ин ниҳод доданд ва дар кутоҳтарин муҳлат посух хоҳанд гирифт. Вале тазоҳургарон боз ҳам пароканда нашуданд.

Дар натиҷа соати 15:30 маъмурони пулиси ноҳияи Якуми майи Бишкек 21 нафарро боздошт карданд, ки зиддашон барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ санади маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ёдрас мешавем, 17 январ дар майдони "Ала-Тоо" як гуруҳи сокинони Қирғизистон бо талаби пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ тазоҳурот карданд. Иштирокдорон хостанд, қонунӣ будани будубоши шаҳрвандони Чин дар Қирғизистон санҷида шавад.

XS
SM
MD
LG