Ссылки доступа

Трамп сафарҳои раиси Конгрессро ба иллати "шатдаун" ба таъхир андохт


Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп бо ирсоли як нома раиси Конгресс Нэнсӣ Пелосиро огаҳ кард, ки ба иллати қатъи фаъолияти як қисми идораҳои давлатӣ сафари ӯ ба Брюссел, Миср ва Афғонистон бекор карда шуд. Нусхаи номаи Трамп дар саҳифаи Кохи сафед дар Твиттер нашр шудааст.

Трамп гуфтааст, эҳтимол аст, сафари раиси Конгресс пас аз анҷоми низоми "шатдаун" сурат бигирад.

"Фикр мекунам, дар ин вазъ беҳтар аст, дар Вашингтон бо ман гуфтугӯ кунед ва ба ҳаракати ҷонибдорони бунёди девор бипайвандед, то буҳрони буҷаро ба поён бирасонем", - навиштааст Трамп. Ба гуфтаи ӯ, Пелосӣ метавонад сафарашро ба воситаи хатсайрҳои тиҷорӣ анҷом диҳад.

Трамп қарор аст, 29 январ паёми солонаи худро ба Конгресси ИМА ироа кунад. Пелосӣ 16 январ аз ӯ хост, ба далели "шатдаун" паёми худро ба таъхир андозад. Телевизиони CNN бо истинод ба як манбаи худ дар Кохи сафед хабар дод, ки Трамп ироаи паёмро ба таъхир андохтанӣ нест. Вале президентро ба Конгресс раиси он даъват мекунад.

Трамп аз Конгресс талаб дорад, барои бунёди девор дар марз бо Мексика беш аз 5 миллиард долар ҷудо кунад. Вале аксарияти демократҳо дар Конгресс зидди ҷудо шудани пул ҳастанд. Ин ихтилофи назар ба қатъи кори як бахши ҳукумат сабаб шудааст.

Беш аз 800 ҳазор корманди федеролӣ, ки қарор буд 11 январ маоши худро бигиранд, натавонистанд маблағро дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG