Ссылки доступа

Қотилони Денис Тен 18-солӣ зиндонӣ шуданд


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон Ормон Кудайбергенов ва Нуралӣ Қиёсовро, ки дар қатли варзишкор Денис Тен муттаҳам шуданд, 18-солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Пештар аз ин додситонӣ барои муттаҳамон 20-солии зиндон талаб карда буд. Жанар Толибоеви 23-сола, ки дар нарасонидани хабари ҷиноят айбдор мешуд, 4 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Муттаҳамон дар ҷаласаҳои додгоҳ аз кардаашон изҳори пушаймонӣ намуда, аз пайвандони Денис Тен авф талаб карданд.

Варзишкори маъруфи қазоқ ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола 19 июли соли 2018 дар бемористони шаҳри Алмато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро дузданд.

XS
SM
MD
LG