Ссылки доступа

Стоилов аз мақоми сармураббии тими мунтахаби футболи Қазоқистон канор рафт


Федератсияи футболи Қазоқистон хабар дод, ки мутахассиси булғорӣ Станимир Стоилов дигар сармураббии тими миллии футболи Қазоқистон нест.

Дар хабаре, ки дар сомонаи Федератсия нашр шуд, омадааст, ҷонибҳо тасмими мазкурро "бо созиши дуҷониба" қабул карданд.

Стоилови 51-сола ибтидои соли гузашта ба ин мақом таъйин шуд. То он замон вай солҳои тӯлонӣ сармураббии клуби футболи "Остона" буд.

Зери роҳбарии Стоилов мунтахаби Қазоқистон чанд бозии дӯстона анҷом дода, дар мусобиқаи Лигаи миллии УЕФА ширкат варзид.

XS
SM
MD
LG