Ссылки доступа

Шавҳари пешини Гулнора Каримова даъвои 100 млн франки дар Швейтсария ҳабсшударо дорад


Мансур Мақсудӣ, шавҳари пешини Гулнора Каримова даъво дорад, ки қисме аз дороии духтари президенти пешини Ӯзбекистон, ки дар бонкҳои Швейтсария ҳабс шудааст, ба ӯ баргардонида шавад. Дар ин бора вай 16 январ дар мусоҳиба бо нашрияи Der Bund-и швейтсарӣ иттилоъ дод.

Нашрия менависад, Мансур Мақсудӣ ҳамроҳ бо бародараш Фарид талош доранд, ки аз 100 то 800 миллион франки ҳабсшударо ба даст оранд.

Гулнора Каримова соли 1991 ҳамсари Мансур Мақсудӣ шуд. Онҳо соли 2001 аз ҳам ҷудо шуданд.

"Ҳангоми талоқ ҳамаи дороии Мансур ва Фарид дар Ӯзбекистон мусодира шуданд. Саҳми онҳо дар ширкати Coca-Cola Bottlers Uzbekistan ба ширкати швейтсарии Zeromax дода шуд", - менависад Der Bund.

"Хонаводаи мо иҷозат намедиҳад, ки ин (дуздӣ) бе ҷазо монад. Ва ҳамаи онҳое, ки заррае дар ин кор даст доштанд, посухгӯ мешаванд", - гуфт Мансур Мақсудӣ.

XS
SM
MD
LG