Ссылки доступа

Селфиву смартфонҳо душмани аксбардорон шудаанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: дар кадоме аз кишварҳои Осиё вазъи ҳуқуқи инсон бадтар аст. Human Rights Watch гузориши солонаашро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон нашр кард: дар кадоме аз кишварҳои Осиё вазъи ҳуқуқи инсон бадтар аст? (видеои Настоящее время)

- Бозхонии таронаҳои дар гузашта маъруфи овозхонҳои тоҷик. Бархе аз ҳунармандони тоҷик, ки дар гузашта бо сурудҳояшон дили садҳо ҳаводори худро шод мекарданд, бо гузашти солҳо дубора аз худ дарак доданд. Онҳо сурудҳои қадимии машҳурашонро аз нав суруданд (видео)

- Шӯҳрат Улфатов: "Ба ман гуфтанд, ки Раҷабмоҳу кӯдакон сиҳатанд, хурсанд шудам". Муҳоҷири тоҷик, ки тақрибан бист рӯз пеш аз зери харобаҳои як хонаи фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорск берун оварда шуд, бори аввал суҳбати видеоӣ кард. Ин навор дар бемористони Челябинск тавассути наздиконаш сабт шудааст (видео)

- Саҳнаҳои бӯсобӯсиро дар филмҳо қайчӣ зананд ё бимонанд? Ҳамагуна лаҳзаи бӯсу канор ва ҳамхобагӣ дар филмҳо аз ин ба баъд ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус муваззаф шудаанд, ки филмҳоро қабл аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд (видео)

- Оби гарон, аммо дастнорас дар Рӯдакӣ. Сокинони баъзе аз хонаҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди онки имсол нархи оби ошомиданӣ боло бурда шуд, ҳанӯз мушкили дастрасӣ ба об кам нагардид (видео)

- Селфиву смартфонҳо душмани аксбардорон шудаанд. Пайдо шудани телефонҳои ҳушманд кори аксбардоронро камдаромад кардааст, аммо ба ривоҷи тиҷорати дигаре саҳм гузоштаанд (видео)

- Табиби тоҷик дар марги Мижгона Бобоҷонова гунаҳкор шуд. Як табиби тоҷик барои роҳ додан ба иштибоҳ, ки боис ба марги духтари дувоздаҳсола шудааст, ба сеюним сол ҳабси хонагӣ маҳкум гардид. Мақомоти Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми январ гуфтанд, Дониёр Шермуродов баъди адои ҷазо, якуним соли дигар аз ҳаққи машғул шудан ба кори пизишкӣ маҳрум шудааст (видео)

- Дар Алмато чархболи ширкате суқут кард, ки ба хизматрасонии VIP машғул буд (видео аз Директ)

- «Ифлос, сард». Дар Петропавловск аз автобусҳо шикоят доранд (видео)

- Дар Боку ба ҷонибдорӣ аз зиндониёни сиёсӣ гирдиҳамоӣ барпо шуд. Ҳазорон одам ҷамъ омаданд. Талаби асосӣ - озодии муборизи зидди фасод Меҳмон Ҳусейнов буд, ки баъди нашри наворе дар бораи ҳамсари президент 2 сол зиндонӣ шуд (видео аз Директ)

- Трамп ва ҷангҳояш (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG