Ссылки доступа

"Хабарнигорони бидуни марз" аз Меркел хостанд, ба ҷонибдорӣ аз озодии баён дар Ӯзбекистон садо баланд кунад


Созмони ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" аз садри аъзами Олмон Ангела Меркел хост, ки дар ҷараёни гуфтугӯ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев масъалаи густариши озодии расонаҳоро баррасӣ кунад.

Ба иттилои созмон, Интернет дар Ӯзбекистон ҳамоно зери назорати шадид буда, аксари сомонаҳои мустақил дастнорас ҳастанд ва инчунин хабарнигоронеро, ки матолиби танқидӣ менависанд, ба Ӯзбекистон роҳ намедиҳанд.

"Ба хотири он ки қадамҳои санҷидаи рӯ ба озодӣ дар Ӯзбекистон дар сатҳи рангу бори зоҳирӣ боқӣ намонанд, президент Мирзиёев бояд фазоеро офарад, ки хабарнигорони мустақил ба ин кишвар баргарданд ва рӯйдодҳои онҷоро мустақиман инъикос кунанд. Дар воқеъ, ғайриқобили қабул аст, ки Ӯзбекистон низоми раводидро барои сайёҳони олмонӣ бекор мекунад, аммо ҳамоно монеи хабарнигорони мунаққид мешавад", - омадааст дар изҳорот.

Созмон талаб кард, онҳое ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд, ки рӯзноманигоронро дар Ӯзбекистон бе асос ва беадолатона зиндонӣ ва шиканҷа кардаанд.

"Хабарнигорони бидуни марз" менависанд, дар раддабандии озодии расонаҳо миёни 180 кишвар Ӯзбекистон дар мақоми 165 қарор дорад. Сафари Мирзиёев ба Олмон аз 20 то 22 январ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG