Ссылки доступа

Саҳнаҳои бӯсобӯсиро дар филмҳо қайчӣ зананд ё бимонанд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Шӯҳрат Улфатов: "Ба ман гуфтанд, ки Раҷабмоҳу кӯдакон сиҳатанд, хурсанд шудам". Муҳоҷири тоҷик, ки тақрибан бист рӯз пеш аз зери харобаҳои як хонаи фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорск берун оварда шуд, бори аввал суҳбати видеоӣ кард. Ин навор дар бемористони Челябинск тавассути наздиконаш сабт шудааст (видео)

- Саҳнаҳои бӯсобӯсиро дар филмҳо қайчӣ зананд ё бимонанд? Ҳамагуна лаҳзаи бӯсу канор ва ҳамхобагӣ дар филмҳо аз ин ба баъд ба телевизионҳои давлатии Тоҷикистон роҳ нахоҳанд ёфт. Як гуруҳи махсус муваззаф шудаанд, ки филмҳоро қабл аз пахш мӯшикофона тамошо карда ва чунин саҳнаҳоро қайчӣ зананд (видео)

- Оби гарон, аммо дастнорас дар Рӯдакӣ. Сокинони баъзе аз хонаҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди онки имсол нархи оби ошомиданӣ боло бурда шуд, ҳанӯз мушкили дастрасӣ ба об кам нагардид (видео)

- Бозхонии таронаҳои дар гузашта маъруфи овозхонҳои тоҷик. Бархе аз ҳунармандони тоҷик, ки дар гузашта бо сурудҳояшон дили садҳо ҳаводори худро шод мекарданд, бо гузашти солҳо дубора аз худ дарак доданд. Онҳо сурудҳои қадимии машҳурашонро аз нав суруданд (видео)

- Селфиву смартфонҳо душмани аксбардорон шудаанд. Пайдо шудани телефонҳои ҳушманд кори аксбардоронро камдаромад кардааст, аммо ба ривоҷи тиҷорати дигаре саҳм гузоштаанд (видео)

- Табиби тоҷик дар марги Мижгона Бобоҷонова гунаҳкор шуд. Як табиби тоҷик барои роҳ додан ба иштибоҳ, ки боис ба марги духтари дувоздаҳсола шудааст, ба сеюним сол ҳабси хонагӣ маҳкум гардид. Мақомоти Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 18-уми январ гуфтанд, Дониёр Шермуродов баъди адои ҷазо, якуним соли дигар аз ҳаққи машғул шудан ба кори пизишкӣ маҳрум шудааст (видео)

- «Медал дорад, ё не, ӯ қаҳрамони ман аст». Маъмурияти охирини нозири ҳалокшуда. Дар ноҳияи Нурини Қазоқистон ҷасади нозири табиат Ерлан Нургалиевро, ки дар пайи ҳамлаи қочоқчиён ҷон бохт, ба хок супурданд. (видео)

- Бародарони муҳоҷир гуфтанд чи гуна маъмурони пулиси Москва онҳоро боздошт ва латтукӯб карданд. (видеои Настоящее время)​

- Дар кишварҳои пасошӯравӣ чи гуна ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Ба ривояти Human Rights Watch. (видео аз Директ)

- "Порлумон бозор нест": посухи фурӯшандаҳо ба вакилони порлумони Қирғизистон дар бораи либоси расмӣ. Вакилони порлумони Қирғизистон 16 январ мансабдори қирғиз Талантбек Тинисовро, ки бо либоси ғайрирасмӣ ба ҷаласа омада буд, ронданд. (видео)

- "Бо русӣ хуб гап намезанам, вале ба Путин бовар дорам": карераи вакилии Ҷефф Монсон. Варзишкори муҳорибаҳои омехта Ҷефф Монсон пас аз ба поён расидани карерааш ба Красногорск рафт. Ӯ шаҳрвандии ИМА-ро ба Русия иваз карда, аз ҳисоби Ҳизби "Русияи воҳид" вакили маҷлис шуд. (видеои Настоящее время)

- Дар Украина табибон аз пайванди узвҳои бадан худдорӣ карда, дар он мақомотро айбдор мекунанд. (видео аз Директ)

- Дар Алмато чархболи ширкате суқут кард, ки ба хизматрасонии VIP машғул буд (видео аз Директ)

- «Ифлос, сард». Дар Петропавловск аз автобусҳо шикоят доранд (видео)

- Дар Боку ба ҷонибдорӣ аз зиндониёни сиёсӣ гирдиҳамоӣ барпо шуд. Ҳазорон одам ҷамъ омаданд. Талаби асосӣ - озодии муборизи зидди фасод Меҳмон Ҳусейнов буд, ки баъди нашри наворе дар бораи ҳамсари президент 2 сол зиндонӣ шуд (видео аз Директ)

- Трамп ва ҷангҳояш (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG