Ссылки доступа

Сокинони Ишқобод барои истифодаи "оби ройгон" ҷарима мешаванд


Сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистонро маҷбур доранд, пули оберо супоранд, ки солҳои 2015 - 2016 истифода кардаанд. Онҳоро барои истифодаи об дар ин солҳо ҷарима низ мекунанд.

"Акнун аз сокинони Ишқобод низ ҷаримаҳои осмонӣ меситонанд. Ба ҷуз ин, онҳоро маҷбур доранд, ки пули обро барои солҳои 2015 - 2016 супоранд. Он замон аз ҳар хона дар биноҳои баландошёна аз 30 то 40 манат (ҳудуди 10 доллар) мегирифтанд. Ҳоло ду баробар бештар талаб доранд", - афзуд хабарнигор.

Ба гуфтаи хабарнигор, сокинон бо нархгузории об ва ҳаҷми ҷаримаҳо танҳо баъд аз омадани кормандони хадамоти коммуналӣ шинос шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, бештари сокинони Ишқобод барои истифодаи об аз моҳи ноябри соли 2017 ба ин сӯ ҷарима мешаванд.

Насби ҳисобкунакҳои обу газ ва барқ дар хонаҳои сокинони пойтахти Туркманистон чанд сол пеш оғоз шуда буд, вале он аз моҳи октябри соли гузашта ба ин сӯ хусусияти умумӣ касб кард. Қарори расмӣ дар бораи лағви имтиёзҳои иҷтимоии сокинони Туркманистон, аз ҷумла обу барқ ва гази ройгон охирҳои моҳи сентябри соли 2018 содир шуд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари мақомоти Туркманистон дар робита ба ҳаҷму тартиби ҷаримаи сокинон бенатиҷа буданд.​

XS
SM
MD
LG