Ссылки доступа

Ҳарос аз НДС: Бештари ӯзбекистониҳо рӯй ба бозорҳои маҳаллӣ овардаанд


Бар асоси як назарсанҷии гуруҳи пажӯҳишгарони "Потребител.уз", 52 дарсади истеъмолкунандагони Ӯзбекистон аз хариди маҳсулоти фурӯшгоҳҳо ё худ супермаркетҳо даст кашида, рӯ ба бозорҳои маҳаллӣ овардаанд.

Бино ба хабарҳо, пас аз ҷорӣ шудани тартиби нави пардохти андози арзиши иловагӣ ё НДС нархҳо дар фурӯшгоҳҳои Ӯзбекистон боло рафтаанд.

52%-и пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз хариди маҳсулоти фурӯшгоҳҳо даст кашида, рӯ ба бозорҳои маҳаллӣ овардаанд. 37% гуфтаанд, ки маҳсулотро ҳам аз бозор ва ҳам аз фурӯшгоҳҳо мехаранд. Танҳо 11% изҳор доштаанд, ки ҳанӯз ҳам маҳсулотро аз фурӯшгоҳҳо мехаранд.

Ба гуфтаи як коршиноси "Потребител.уз", сабаби асосии рӯй овардани истеъмолкунандагони Ӯзбекистон ба бозорҳои маҳаллӣ ҷорӣ шудани тартиби нави пардохти НДС аст. Зеро пас аз ҷорӣ шудани он, аз аввали моҳи январ номгӯи маҳсулот дар фурӯшгоҳҳо коҳиш ёфтааст.

"Харидорон пас аз тағйири низоми андоз бо мушкил рӯбарӯ шуданд. Ҳоло онҳо наметавонанд, маҳсулоти зарурии худро дар фурӯшгоҳҳо пайдо кунанд. Агар пештар фурӯшгоҳ 10 намуди ширро пешниҳод мекард, ҳоло номгӯи онҳо ба 2-3 адад расидааст. Дастраскунандагон бо моликони фурӯшгоҳҳо наметавонанд дар робита ба нарх ба созиш бирасанд. Сабаби дувум қайди андози арзиши иловагӣ дар чекҳо аст, ки муштариёнро метарсонад. Бинобар ин, ҳоло сокинон рӯй ба бозорҳо овардаанд", - мегӯяд коршиноси "Потребител.уз"

Ҳукумати Ӯзбекистон ба андози арзиши иловагӣ ҳамчун манбаи асосии пуркунандаи буҷаи давлат такя мекунад. Бино ба омори расмӣ, соли равон 35 дарсади бахши даромади буҷаи давлатро андози арзиши иловагӣ ташкил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG