Ссылки доступа

Тазоҳуроти сиркбозони Қирғизистон дар назди "Кохи сафед"


Ҳунармандони Сирки давлатии Қирғизистон имрӯз, 21 январ дар рӯбарӯи бинои порлумони ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд.

Раҳбари гуруҳ Даниёр Блокбоев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, онҳо талаб доранд, мудири кулли Сирки давлатии Қирғизистон шахсе таъйин шавад, ки бо ҳунари сиркбозӣ ошно бошад. Эътирозгарон ба ин мақом номзади худ -- ҳунарманд Аида Акматоваро пешниҳод доранд.

Кормандони Сирки Қирғизистон нигаронанд, ки 45 рӯз мешавад, раҳбари нави онҳоро таъйин намекунанд ва ҳам намегӯянд, ки номзадии кӣ ба ин мақом мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз 40 ҳунарманди сирк, 35 тоашон мегӯянд, дар сурати иҷро нашудани ин талаб аз кор хоҳанд рафт.

Мудири кулли пешини Сирки Қирғизистон Курмангазӣ Исанаев, ки аз соли 2004 дар ин мақом ифои вазифа мекард, охирҳои соли 2018 дар пайи норозигии ҳайати кормандон аз мақомаш барканор шуд. Вазифаҳои ӯро муваққатан Даря Кусейнова иҷро мекунад.

Бино ба хабарҳо, Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон дар ҳоли ҳозир барномаҳои номзадҳо ба мақоми мудирии сиркро баррасӣ дорад. Ба гуфтаи вазири фарҳанги Қирғизистон Азамат Жаманқулов, чаҳор кас номзадии худро пешниҳод кардаанд.

Сирки давлатии Қирғизистон соли 1962 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир дар он 130 нафар кор мекунанд, ки 40 танашон ҳунармандонанд.

XS
SM
MD
LG