Ссылки доступа

Мирзиёев имсол 36 сафари хориҷӣ анҷом медиҳад


Дар соли равон барои президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 36 сафари хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора раҳбари Пресс-клуби байналмилалӣ Шерзодхон Қудратхуҷаев хабар дод.

Президенти Ӯзбекистон 20 январ бо сафари расмие ба Олмон рафт. Қарор аст, ӯ бо президент Франк-Валтер Штайнмайер, садри аъзам Ангела Меркел ва раҳбари Бундестаг Волфганг Шойбле дар шаҳри Берлин дидору гуфтугӯ кунад.

Мирзиёев сафари хориҷии худро дар соли равон аз Ҳиндустон оғоз кард. Ӯ рӯзҳои 17-18 январ дар як ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ дар Ҳиндустон иштирок дошт.

Қарор аст, Мирзиёев пас аз Олмон аз Белгия, Швейтсария, Канада, Ҷопон, Булғористон ва Беларус боздид кунад.

XS
SM
MD
LG