Ссылки доступа

Ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ қатъ шуд


Ширкати мутассадии нигаҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ эълон кард, ки ба сабаби барфи зиёд, ҳаракати нақлиёт дар ду қитъаи роҳи мазкур, ки шимоли кишварро бо пойтахт мепайванданд, қатъ шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи ширкат Далери Абдулло, эҳтимоли фаромадани тарма дар баъзе аз қитъаҳои роҳ бисёр зиёд шудааст ва барои ҳамин ба сабаби бехатарии ронандагон ҳаракат дар километрҳои 48 ва 73-ум мутаввақиф шудааст.

Абдулло 20 январ гуфт: “Ситоди муштарак дорем, аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазорати нақлиёт ва корҳои дохилӣ, ки тасмим мегиранд, дар сурати афзоиш ёфтани хатари тарма ва ё дигар омилҳо, ҳаракати нақлиёт мутаввақиф карда шавад. Имрӯз тасмим гирифтанд, ки ба сабаби зиёд шудани хафви тарма ҳаракати нақлиёт дар қитъаҳои километри 48-ум ва 73-ум қатъ шавад".

Ба гуфтаи Далери Абдулло, мушкил асосан дар ҳамин ду қитъа аст, ҳаракат дар дигар қисматҳои роҳ имконпазир аст ва кормандони ширкат саъй доранд, ки роҳ дар ин рӯзҳои пурбарф ҳам пок ва барои ҳаракат поку омода бошад.

Абдулло мегӯяд, дар баъзе аз қитъаҳо барф бисёр зиёд аст ва субҳи 20-уми январ аз ним метр ҳам зиёд шуда то ба 75 сантиметр мерасид. Далери Абдулло аз ронандагон тақозо кард, ки қарори ширкатро дарк кунанд, зеро маҳдуд кардани ҳаракат “ба амнияти худи онҳо рабт дорад.”

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон вилояти Суғдро ба Душанбе пойтахти кишвар мепайвандад. Дар гузашта дар натиҷаи тарма дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шудаанд. Се корманди ширкати муттасадди нигоҳубини роҳ низ ҳангоми поккорӣ зери тарма монда ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG