Ссылки доступа

Додгоҳи Хуҷанд баррасии парвандаи майори фирориро оғоз кард


Додгоҳи низомии Хуҷанд баррасии парвандаи майори милиса Шуҳрат Шамсиддиновро оғоз кард, ки дар шиканҷаи Комил Хоҷаназаров, сокини ноҳияи Ашт ва узви пешини ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ айбдор мешавад.

Хоҷаназаров як рӯз пеш аз бозпурсии навбатӣ дар Идораи пулиси вилояти Хатлон муроҷиати видеоиеро сабт карда, сипас худкушӣ кард.

Дар натиҷа зидди ду муфаттиши Идораи пулиси Суғд ва як маъмури Идораи амнияти Ашт парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тобистони соли равон муфаттиш Латифҷон Юлдошев 13 сол ва маъмури амният Муҳаммад Наимов 12 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Додгоҳи низомии Хуҷанд онҳоро дар боздошти ғайриқонунӣ ва шиканҷа айбдор донист.

Гумонбари севум майор Шуҳрат Шамсиддинов аз кишвар фирор кард. Вале охирҳои соли гузашта дар Қирғизистон боздошт ва ба ватан истирдод шуд. Додраси Додгоҳи низомии Хуҷанд Бахтиёр Бобоҷонзода 21 январ гуфт, мурофиаҳои Шамсиддинов пушти дарҳои баста сурат мегирад, чун парванда муҳри махфӣ дорад.

Вакили дифои майор Шоҳидбой Хоҷибоев низ аз мулоқот бо рӯзноманигорон худдорӣ карда, танҳо гуфт, ки ҳангоми боздошти Хоҷаназаров шахси зери ҳимояаш дар Хуҷанд кор мекард ва дар ин ҳодиса даст надорад. Вале вакили хонаводаи ҷабрдида Гулнора Аминова мегӯяд, тафтишот аллакай муайян кард, ки майор дар боздошт ва шиканҷаи Хоҷаназаров даст дорад.

Хоҷаназаров, фарзанди яке аз кормандони додгоҳи Аштро тобистони соли 2017 дастгир ва пас аз чанд рӯз озод карданд. Баъди раҳоӣ аз боздошт, Хоҷаназаров дар як сабти садоӣ нақл кард, ки муфаттишон ҳангоми бозпурсӣ ӯро азобу шиканҷа додаанд. Комил Хоҷаназаров, ки баъд аз чанд муддати раҳоӣ худро кушт, дар навор гуфт, муфаттишон ҳатто таҳдид карданд, ки ӯро таҷовуз мекунанд.

Баъди ошкор шудани навор мақомоти Тоҷикистон ба зидди Латифҷон Юлдошев – муфаттиши собиқи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Муҳаммад Наимов – корманди пешини шуъбаи амният дар ноҳияи Ашт ва Шуҳрат Шамсиддинов парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ду нафар дастгир шуданд ва майори милиса фирор кард.

XS
SM
MD
LG