Ссылки доступа

Дар Қирғизистон гузоштани номи қаҳрамонони "Манас"-ро ба нӯшокиҳои спиртӣ манъ карданианд


Дар Қирғизистон лоиҳаи қонуне дар баррасии ҷомеа қарор дорад, ки номгузории нӯшокиҳои спиртиро ба номи қаҳрамонони ҳамосаи "Манас" манъ мекунад.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни "Ҳамосаи "Манас" ташаббуси вакили порлумони Қирғизистон Тазабек Икромов аст.

Лоиҳа гузоштани номҳои персонажҳои мусбати асар -- Манас, Бакай, Семетей, Каникей ва Сейтекро ба нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку манъ мекунад.

"Имрӯз зарурати баланд бардоштани сатҳи идеологияву фаҳмиши сокинон ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар робита ба муқаддасоти аҷдодиямон пеш омадааст. Яъне, агар аз фарзандони мо бипурсанд, ки "Манас"-ро медонед? Нагӯянд, ки бале, каняки "Манас"-ро медонем", - гуфт Икромов.

"Манас" ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО ва Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун ҳамосаи бузург дар ҷаҳон шомил шудааст.

Дар Қирғизистон дар ҳоли ҳозир бо номҳои "Манас", "Семетей" ва "Бакай" арақ ва каняк истеҳсол мекунанд.

XS
SM
MD
LG