Ссылки доступа

Бештар аз 200 корхонаи сафолсозии Фарғонаи Ӯзбекистон аз кор монд


Аз 225 корхонаи истеҳсоли сафол дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона ҳамагӣ 10 корхона имкони кор карданро доранд.

Ба гуфтаи коргарон, қатъи фаъолияти корхонаҳо ба набуди газ ва гаронии он рабт дорад. Роҳбари Эътилофи "Ҳунарманд" дар ноҳияи Риштон ин вазъро мавсимӣ унвон кард.

Дар ҳар кадом корхонаи сафолсозии ноҳияи мазкур то буҳрони газ аз 5 то 10 кас кор мекард.

Минтақаи саноатӣ дар ноҳияи Риштон 10 сол пеш сохта шуда буд. Дар масоҳати 33 гектар замин соҳибкорон ба истеҳсоли зарфҳои сафолин шуруъ карданд. Сафоли Риштон дар тамоми ҷаҳон маъруф аст.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, давоми чанд соли охир дар фасли зимистон гази корхонаҳои мазкурро қатъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG