Ссылки доступа

Дар Тошканд ганҷинаи қадимие пайдо шуд


Дар маркази шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар таҳхонаи яке аз манзилҳо ганҷинаи қадимие пайдо шуд. Арзиши ин ганҷина бештар аз 1 миллион доллар арзёбӣ мешавад.

"Бино соли 1870 сохта шудааст. Зери таҳхонаҳои бинои мазкур як иморати дигар мавҷуд будааст. Роҳи вурудӣ ба иморат махкам шуда, 80 сол касе аз он огоҳӣ надошт", - менависанд расонаҳои Ӯзбекистон.

Миёни бозёфтҳо тангаву тило, расмҳои қадимӣ ва зеваролот мавҷуд аст.

Миёни онҳо ҷиҳоз ва ашёи гаронбаҳои марбут ба дарбори Русияи подшоҳӣ низ ҳаст. Ин ашё ибтидои асри 20 ба Тошканд оварда шудаанд.

Миёни бозёфтҳо ҳамчунин чанд китоби дастнавис ҳам мавҷуд аст, ки ба олимони садаи 12-14 тааллуқ доранд.

XS
SM
MD
LG