Ссылки доступа

Тоҷикистон: Навбати танзим ба бузкашӣ расид (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 21-уми январи соли 2019. Ҷаласаи ҷамъбасти соли 2018 дар ҳукумати Тоҷикистон, таҳқиқи азияту ҷаримаи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, танзими бузкашӣ, баҳси роҳ дар деҳаи "роҳи Ленин" ва чойхонаи мардумӣ дар деҳаи Шайхбурҳон. (видео)

- Кофтанду ёфтанд. Бозёфтҳои тоза аз қасри шоҳони Ҳулбук. Бостоншиносон дар шаҳраки “Ҳулбук” маҳаллаи ҳунармандӣ, осори дасти онҳо ва вайронаҳои дуконҳои ҳунармандонро пайдо кардаанд (видео)

- Сарвиноз Душанбеи навро бунёд мекунад. Сарвиноз Шарипова ҳашт соли охир дар сари фармони крани сохтмонӣ кор мекунад. “Утоқ”-и кории Сарвиноз Шарипова дар баландии 70 метр ҷойгир аст ва аз ин баландӣ ӯ тамоми ҷараёни сохтмонро назорат мекунад (видео)

- Навбати танзим ба бузкашӣ расид (видео)

- Бозхонии таронаҳои дар гузашта маъруфи овозхонҳои тоҷик. Бархе аз ҳунармандони тоҷик, ки дар гузашта бо сурудҳояшон дили садҳо ҳаводори худро шод мекарданд, бо гузашти солҳо дубора аз худ дарак доданд. Онҳо сурудҳои қадимии машҳурашонро аз нав суруданд (видео)

- Осиё: куштори нозири табиат ва Тоҷикистони бидуни дастгириҳои байналмилалӣ. Дар Қазоқистон дӯстони нозири кушташуда мегӯянд, созмондиҳандаи шикори ғайриқонуниро пайдо накарданд. Созмонҳои байналмилалии молӣ дастгирии буҷаи давлатии Тоҷикистонро қатъ карданд. (видеои Настоящее время)​

- Ҳукумат зидди таксиҳои ғайриқонунӣ. Мақомоти Қазоқистон аз ронандаҳо даъват доранд, ки худро дар қайд гузоранд. (видео)

- Дар Қазоқистон гумонбарон дар қатли нозири табиатро боздошт карданд. (видео Настоящее время)​

- Мирзиёв аз «Озодлик» сипосгузорӣ кард ва рӯзноманигорони ин родиоро ба Ӯзбекистон хонд (видео)​

- Дар кишварҳои пасошӯравӣ чи гуна ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Ба ривояти Human Rights Watch. (видео аз Директ)

- "Порлумон бозор нест": посухи фурӯшандаҳо ба вакилони порлумони Қирғизистон дар бораи либоси расмӣ. Вакилони порлумони Қирғизистон 16 январ мансабдори қирғиз Талантбек Тинисовро, ки бо либоси ғайрирасмӣ ба ҷаласа омада буд, ронданд. (видео)

- Туркманистон: Тасвирҳои ҳафта. (нигористон)

- Дар Украина табибон аз пайванди узвҳои бадан худдорӣ карда, дар он мақомотро айбдор мекунанд. (видео аз Директ)

- Дар Алмато чархболи ширкате суқут кард, ки ба хизматрасонии VIP машғул буд (видео аз Директ)

- «Ифлос, сард». Дар Петропавловск аз автобусҳо шикоят доранд (видео)

- Дар Боку ба ҷонибдорӣ аз зиндониёни сиёсӣ гирдиҳамоӣ барпо шуд. Ҳазорон одам ҷамъ омаданд. Талаби асосӣ - озодии муборизи зидди фасод Меҳмон Ҳусейнов буд, ки баъди нашри наворе дар бораи ҳамсари президент 2 сол зиндонӣ шуд (видео аз Директ)

- Трамп ва ҷангҳояш (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG