Ссылки доступа

Бархе аз занони тоҷик розӣ нестанд, фарзандонашон аз Ироқ ба ватан оварда шавад


Бархе занони зиндонии тоҷик дар Ироқ розӣ нашуданд, ки фарзандони ноболиғашонро ба Тоҷикистон бозпас фиристанд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ, 95 кӯдаки тоҷикро барои ба ватан овардан сабти ном кардаанд ва бар асоси муқаррароти қонунӣ, бояд модарони онҳо, ки ҳукмҳои тулонии зиндон гирифтаанд, барои бозгардонидани онҳо иҷоза бидиҳанд.

Зебунисо, сокини 38-солаи вилояти Хатлон, аз ҷумлаи занонест, ки барои баргардонидани ду фарзанди хурдсолаш ба Тоҷикистон розӣ нашудааст. Ӯ гуфтааст, падару модар надорад ва ягона бародараш на танҳо кӯдакон, балки худи ӯро низ интизор нест.

Зебунисо соли 2015 ҳамроҳ бо шавҳараш ба Ироқ рафт ва шавҳараш ба гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" пайваст. Як сол баъд шавҳарашро куштанд ва худи Зебунисоро соли 2017 баъди пок кардани шаҳри Мавсил аз ҷангҷӯён дастгир карданд. Зебунисо баъдан ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд, аммо ҳақ дорад, фарзандонашро ба Тоҷикистон фиристад.

Бародари Зебунисо дар Русия муҳоҷири корӣ аст. Сарвиноз Ғуломова, ҳамсари бародари Зебунисо гуфт, аз онки ӯ ба Ироқ рафта, хонаводаро бадном кардааст, бародараш хашмгин аст. Ӯ афзуд, ҳанӯз касе дар бораи баргардонидани кӯдакон бо онҳо суҳбат накардааст ва ё тамос ҳам нагирифтааст.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик аз ҷониби ҳукумат вазифадор шудааст, рӯзи 21-уми январ гуфт, аз 43 зани тоҷик, 15 нафар барои фиристодани кӯдаконашон ба ватан розӣ нашуданд.

​"Аксарияташон мегӯянд, ки пас аз омадан падару модар ва хешу табор намехоҳанд, ки бо онҳо сӯҳбат кунанд ва худи онҳоро қабул надоранд. Барои ҳамин, мо намехоҳем, ки фарзандонамонро ба ватан фиристем. Ба онҳо гуфтем, кафолат медиҳем, ки фарзандони шумо дар ватан хор намешаванд ва ба ҳар хешу таборе, ки хоҳед, мо бурда медиҳем",-гуфт сафири Тоҷикистон.

Дипломати тоҷик гуфт, бо пайвандони ин занҳо дар тамос ҳастанд ва ба ҳар сурат кӯдаконро бармегардонанд. "Ин супориши президент аст. Агар ин ҷо хешу табор надоранд ва ё қабул намекунанд, онҳо фарзандони давлат ҳастанд. Давлат онҳоро нигоҳубин мекунанд. Раҳбари давлат гуфтанд, ки кӯдакон ҳеҷ гуноҳ надоранд", - афзуд, ӯ.

Руйхати кӯдакону заноне, ки таҳия шудааст, ниҳоӣ нест ва эҳтимол теъдоди онҳо бештар шавад, чун ба гуфтаи мақомот, ҳолатҳое буд, ки занони тоҷик худро шаҳрвандони дигар кишвар муаррифӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG