Ссылки доступа

Абэ ва Путин ҷазираҳои Курилро баҳс мекунанд


Владимир Путин, президенти Русия ва сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ имрӯз дар шаҳри Москва мулоқот ва чаҳор ҷазираи Курилро баҳс мекунанд. Баҳси ин ҷазираҳо монеи бастани созишномаи сулҳе шудааст, ки бояд расман Ҷанги дувуми ҷаҳонро ба поён расонад.

Сарфи назар аз густариши гуфтугӯҳо Кремл бовар надорад, ки баҳси марзии байни ду кишвар ба зудӣ ҳал шавад. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи 21 январ хабар дод, на Русия ва на Ҷопон аз манфиатҳои миллии худ даст кашиданӣ нестанд. Песков авфзуд, гуфтугӯҳо ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор доранд ва эҳтимол дорад "ба дарозо кашанд".

Дабири кулли ҳукумати Ҷопон Ёсихидэ Суга рӯзи 22 январ гуфт, Синдзо Абэ интизори "гуфтугӯи созанда" аст ва "тасмим дорад, ба созиши осоишта мусоидат кунад".

Аршити шӯравӣ ҷазираҳои байни баҳри Охот ва уқёнуси Оромро дар рӯзҳои охири Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ишғол карданд. Токио истиқлоли Москваро болои ҷазираҳо эътироф намекунад ва раванди танзими сулҳомез то кунун ҳалношуда боқӣ мондааст.

Пешниҳоди тақдими ҳудуд аз сӯи Москваро дар ивази созиши сулҳ бо Ҷопон дар Русия хуш намепазиранд. Давоми чанд ҳафтаи охир дар чандин шаҳри Русия дар эътироз ба имкони тақдими қисме аз ҷазираҳои Курил ба Ҷопон гирдиҳамоӣ барпо шуд.

XS
SM
MD
LG