Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад, барои парвозҳои дохилӣ ду ҳавопаймо харад


Ҳукумати Қирғизистон тасмим дорад, барои парвозҳои дохилӣ ду ҳавопаймо харидорӣ кунад.

Дар ин бора дар ҷаласаи порлумонии он кишвар ноиб-аввали сарвазири он кишвар Қубодбек Боронов хабар дод.

Қурмонбек Акишев, мудири оҷонсии давлатии авиатсияи шаҳрвандӣ дар робита ба тасмими ҳукумат гуфт, навъ ва арзиши ҳавопаймоҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст. "Пешниҳод шудааст, ки ҳавопаймо бихарем. Тасмимро ҳукумат мегирад. Ду моҳ муҳлат дархост шудааст. Дар ин муддат тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад", - гуфт Акишев.

Дар ҷаласаи порлумоние, ки Боронов суҳбат кард, вазъи ширкати "Эйр Қирғизистон" баррасӣ меушд. 49% саҳмияҳои ин ширкат ба фурӯш гузошта шудааст. Бунёди идораи амволи давлатӣ вазъи ширкатро вазнин арёзбӣ кард ва пешниҳод намуд, ки саҳмияҳо ба кишварҳои хориҷӣ фурӯхта шаванд.

XS
SM
MD
LG