Ссылки доступа

Вакили зиндонии қирғиз дар Алмато гуфт, бегуноҳ аст


Дар Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон баррасии парвандаи қочоқи моле идома дорад, ки дар доираи он вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу низ боздошт шудааст.

Вакили порлумони Қирғизистон Руслан Чойбеков, ки дар мурофиаи ахир ҳузур дошт, мегӯяд, додрас бозпурсии айбдоршавандаҳоро оғоз кард. "Зоҳиран, раванди баррасӣ каме сиёсӣ шудааст. Гумонбарони дигар мегӯянд, Дамирбекро намешиносанд. Ҳамаи афроде, ки ҳамроҳи ӯ дар ҳабсанд, ронандаҳои таксӣ буда, бо интиқоли мол дар минтақаҳои наздимарзӣ машғул буданд. Онҳо мегӯянд, якдигарро намешиносанд. Пас суоле ба миён меояд, ки сухан аз кадом "гуруҳи муташаккили ҷиноӣ" меравад", - афзуд Чойбеков.

Ба гуфтаи ӯ, додрас ҳафтаи гузашта Асилбек уулуро бозпурсӣ кард. Ӯ худро бегуноҳ мешуморад.

Асилбек уулу аз зумраи 29 гумонбарест, ки 15 ва 16 феврали соли 2018 дар натиҷаи як амалиёти муштараки мақомоти қудратии Қазоқистон дар вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ, Ҷамбул ва шаҳри Алмато бо ҷурми қочоқи мол боздошт шуданд. Дамирбек Асилбек уулу вакили порлумони Қирғизистон аз ҳизби "Қирғизистон" буд.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон пештар гуфта буд, ки Асилбек уулу шиносномаи қазоқӣ дорад. Вале наздикону пайвандони Асилбек уулу хабари шаҳрвандии дувуми ӯро бофта номиданд.

Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон 16 апрели соли гузашта мандати вакилии Дамирбек Асилбек уулуро ба далели доштани шаҳрвандии Қазоқистон бекор кард. Баррасии парвандаи вакили пешини қирғиз дар додгоҳи Алмато 19 октябри соли гузашта шуруъ шуд.

XS
SM
MD
LG