Ссылки доступа

Мақомоти Ӯзбекистон дар ИМА бо ширкатҳое гуфтугӯ мекунанд, ки харидани пахтаи ӯзбекиро қатъ карда буданд


Ҳайати ҳукуматии Ӯзебкистон рӯзҳои 4-6 феврал ба ИМА рафта, дар ҷаласаи солонаи эътилофи байналхалқии Cotton Campaign ширкат мекунад.

Дар ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон муовини сарвазир Танзила Норбоева ва вазири муносибатҳои меҳнативу шуғли аҳолии он кишвар Шерзод Кудбиев шомил ҳастанд.

Cotton Campaign, ки дарбаргирандаи эътилофҳои созмонҳои меҳнатӣ ва ҳомии ҳуқуқ, сармоягузорон ва созмонҳои тиҷорӣ аст, дар соли 2010 ба пахтаи ӯзбекӣ ба далели истифодаи меҳнати кӯдак бойкот эълон кард. Ба бойкоти мазкур бештар аз 100 тамғаҳои либосҳои ҷаҳонӣ пайвастанд.

Дар ҷараёни сафар ба ИМА ҳайати Ӯзбекистон ният доранд, бо намояндагони ширкатҳои Nike, Zara, GAP, Levi's, H&M, UNIQLO мулоқот кунанд.

Сафорати Ӯзбекистон дар Вашингтон хабар дод, ки дар ҷараёни сафар дар ИМА ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони Кохи сафед, роҳбарияти Департаменти давлатӣ, вазорати меҳнат, Дафтари намояндагии тиҷорати ИМА ва дигар созмонҳои байналхалқии тиҷорӣ мулоқот хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG