Ссылки доступа

"Роҳ ба Хуҷанд боз шуд, аммо хатари тармафароӣ боқист" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 22 январи соли 2019. Ҳавопаймое, ки ба Маскав мерафт, самташро ба Афғонистон тағийр дод Таъйини раисони нави “Тоҷикэйр ” ва “Амонтабонк” Роҳи Душанбе – Чаноқ боз шуд Кӯдакони тоҷикро бе модар аз Ироқ меоранд Зани тоҷик крани борбардорро идора мекунад ва матолиби дигар (видео)

- Зиндагӣ дар ҳамсоягӣ бо лӯлаи газ. Амният ё манзил? Хабари барои бисёриҳо хушҳолкунандаи азсаргирии интиқоли гази табиии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бархе сокинони Душанберо нороҳат кард. Ин хабар барои онҳо баробар бо ҳушдор ё хатари аз даст додани манзили зист аст (видео)

- Кори неки мардуми Зафаробод дар ҳаққи худ. Муаллифи видео рӯзи 22-уми январ гуфт, ки дар гузашта пулро сел чанд дафъа хароб кард ва мардум зимни убур аз он бисёр азоб мекашиданд. Ҳоло умедворанд, пули ба сел тобоваре, ки сохтаанд, то дер барои мардум хидмат мекунад (видео)

- Аккоси тоҷик дар баҳси додгоҳӣ бо Палатаи савдо пирӯз шуд. Аксбардор Геннадий Ратушенко дар баҳси додгоҳӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, баранда шудааст (видео)

- "Роҳ ба Хуҷанд боз шуд, аммо хатари тармафароӣ боқист". Дар ду шабонарӯзи ахир дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, 30 тарма фаромадааст. Дастикам ду рӯз ин роҳ баста буд (видео)

- Кофтанду ёфтанд. Бозёфтҳои тоза аз қасри шоҳони Ҳулбук. Бостоншиносон дар шаҳраки “Ҳулбук” маҳаллаи ҳунармандӣ, осори дасти онҳо ва вайронаҳои дуконҳои ҳунармандонро пайдо кардаанд (видео)

- Сарвиноз Душанбеи навро бунёд мекунад. Сарвиноз Шарипова ҳашт соли охир дар сари фармони крани сохтмонӣ кор мекунад. “Утоқ”-и кории Сарвиноз Шарипова дар баландии 70 метр ҷойгир аст ва аз ин баландӣ ӯ тамоми ҷараёни сохтмонро назорат мекунад (видео)

- Ленин дар Қирғизистон: Зинда аст ё фаромӯш шудааст? Дар Бишкек 21 январ - дар рӯзи марги пешвои пролетариати ҷаҳон - пайравони мафкураи комунистӣ мулоқот карданд (видео)

- Осиё: ҳукм бетағйир монд ва ҷарима боиси бохт шуд. Додгоҳи олии Қазоқистон сарфи назар аз қарори СММ, ҳукми ҳабси абади Владислав Челахро, ки дар қатли марзбонон айбдор аст, тағйир надод. Дар Қирғизистон сиркбозон эътироз доранд. Дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон ба иллати баҳс атрофи ҷарима бозиро ба варзишкорони АМА бохт. (видеои Настоящее время)​

- Чаро сиркбозони қирғиз дар назди Кохи сафед тазоҳурот карданд? (видео аз Директ)

- Модарони серфарзанди Қазоқистон истеъфои вазири ҳифзи иҷтимоиро талаб доранд. Бонувони қазоқ ба воситаи интернет ба президент Нурсултон Назарбоев муроҷиат карда, истеъфои вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Мадина Абилқосимоваро хостор шуданд. (видео аз Директ)

- Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос оғоз шуд. (видеои Настоящее время)

- Дар Қазоқистон гумонбарони куштори ҷангалбон боздошт шуданд (видеои Настоящее время)​

- Раҳбарони кишварҳои шӯравии пешин чи гуна тағйир ёфтанд ва 10 сол пеш чи гуна буданд (нигористон)

- Светланаи 65-сола мерақсад (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG