Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон заминҳои кишоварзонро дастаҷамъӣ бозпас мегиранд


Бархе аз кишварзони Ӯзбекистон шикоят доранд, ки иҷрои қарори девони вазирони ин кишвар дар бораи беҳсозии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар баъзе аз минтақаҳо бо "ишғол" меанҷомад.

Кишоварзони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Тошканд мегӯянд, мақомот заминҳоро нахуст ба нафъи давлат мегиранд ва сипас заминҳои ҳосилхезро 100-ҳектарӣ ба атрофиёни наздики худ тақсим мекунанд. Як кишоварз аз ноҳияи Ёзёвони Фарғона гуфт, аз оғози даври нави раванди беҳсозии заминҳо 124 кишоварз ва кормандони хоҷагиҳои онҳо бе ҷои кор монданд.

"Раиси ноҳия ҳар коре хоҳад, мекунад. Аз ҳамаи кишоварзон баёнот гирифтанд. Субҳи имрӯз ба ҳукумати ноҳия рафта, фаҳмидам, ки 124 кишоварз бе кор монданд. Дар миёни онҳо шахсоне низ ҳастанд, ки ҳамеша нақшаро иҷро мекарданд. Дар қарор омадааст, ки ҳадди ақал бояд 10 ҳектар замин бошад. Вале ин ба афроде, ки фаъолияти бисёрсоҳагии хоҷагии деҳқониро ба роҳ мондаанд, дахл надорад", - афзуд ӯ.

Раиси хоҷагии деҳқонии "Асрор Нафосат" дар ноҳияи Шавати Хоразм Нуриддин Абдуллоев гуфт, раиси ноҳия ҳамаи кишоварзонро ҳанӯз пеш аз қарори девони вазирон дар бораи беҳсозии заминҳо маҷбур кард, ки барои додани заминҳои худ баёнот нависанд. "Тақрибан аз 350 кишоварз нимашон бе ҷои кор монданд. Қарори девони вазрон дар рӯи коғаз мемонад ва раиси ноҳия аз рӯи манфиати худ кор мекунад", - изҳор дошт ӯ.

Ҳукумати Ӯзбекистон 9 январ қарори "Чораҳои иловагӣ барои беҳсозии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ"-ро ба имзо расонд. Бар асоси ин қарор, ҳоло кишоварзони пахтакор вазифадоранд, ки ҳадди ақал 100-ҳектарӣ замин харанд.

XS
SM
MD
LG