Ссылки доступа

Shutdown ба Тоҷикистон расид


Паёмади қатъи муваққатии кори ҳукумати Амрико ё Shutdown, ки ба дунболи баҳси президент Доналд Трамп ва демократҳои Конгресс як моҳ пеш оғоз ёфт, аз дурии тақрибан 11 ҳазор километр дар Тоҷикистон ҳам эҳсос шуд.

Масъулони баъзе аз тарҳҳое, ки бо пули ҳукумати Амрико дар Тоҷикистон кор мекунанд, ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Дар худи Амрико ҳам бо сабаби қабул нашудани тарҳи буҷет як қисми ҳукумати федеролӣ фаъолияти худро муваққатан қатъ кард ва ҳудуди 800 ҳазор нафар ба рухсатии бемузд рафтанд.

Як масъули тарҳи обёрӣ дар Тоҷикистон, ки бо пули ҳукумати Амрико кор мекунад, гуфт, аз 22-юми январ ӯ ва ҳамкоронашро ба рухсатии бемузд фиристоданд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш ошкор шавад, муҳлати рухсатии бемузди ӯ ва ҳамкоронаш як моҳ муқаррар шудааст. "Вале таъкид карданд, ки дар сурати идома ёфтани shutdown, рухсатии бе музди мо ҳам тӯл хоҳад кашид", - гуфт ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд, "ба мо телефонӣ хабар доданд, ки ба кор набароем. Ҳатто суҳбат бо расонаҳоро манъ карданд. Гуфтанд, ки чунин вазъият муваққатӣ аст ва агар масъалаи маблағгузорӣ маълум шавад, дубора ба кор даъват мекунанд.”

Ин ҳолат барои ҳамсуҳбати мо ва ҳамкоронаш ногаҳонӣ набуд, чун баъди Соли нав ҳама огоҳӣ гирифтаанд, ки агар буҷети Амрико тасдиқ нашавад, корашон боздошта хоҳад шуд. Ӯ гуфт, аз он ки муддате бекор ва бе маблағ мемонад, нороҳат шудааст.

Иёлоти Муттаҳида яке аз кишварҳои муҳими сармоягузор дар Тоҷикистон аст. Дар тӯли тақрибан 28 соли истиқлолият, Амрико ба Тоҷикистон ҳудуди ду миллард доллар ёрӣ кардааст. Ин пулҳо барои амалӣ шудани барномаҳо дар бахши амният, иҷтимоиёт, иқтисод ва ҷомеаи шаҳрвандӣ харҷ шудаанд. Муҳимтарин бахши ёриҳои Амрико ба марзбонон будааст, ки ҳамасола миллионҳо долларро ташкил медиҳад.

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ ягона бахш дар Тоҷикистон нест, ки аз мушкили тасдиқи буҷети Амрико зарар дидаанд. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ эълон кардааст, ки саҳифаи расмиаш дар Фейсбук муваққатан аз кор мемонад.

Масъулони сафорати Амрико гуфтанд, дар ҳоли ҳозир шӯъбаи консулии Иёлоти Муттаҳида ва сафоратҳои ин кишвар дар тамоми ҷаҳон фаъолияти худро то ҳадди имкон идома медиҳанд.

"Саҳифаи мо бо сабаби боздошти муваққатии фаъолияти кории мақомоти давлатии Амрико ва то пурра барқарор шудани он таҷдид намешавад. Танҳо иттилои фаврӣ оид ба амният нашр хоҳад шуд. Дар айни замон, Шӯъбаи консулии Амрико ва сафоратҳои мо дар тамоми ҷаҳон фаъолияти худро то ҳадди имкон идома медиҳанд", - гуфта мешавад дар хабарномаи сафорат дар Тоҷикистон.

Масъулони сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 22-юми январ гуфтанд, феълан ҳаққи шарҳи вазъро надоранд. Аммо масъули як созмони иҷтимоӣ дар Душанбе, ки аз тарафи Амрико сармоягузорӣ мешавад, гуфт, ба онҳо низ дастур шудааст, як қисми фаъолияти худро боздоранд. Ба қавли манбаъ, онҳо муваққатан ҳаққи гузарондани маъракаҳо, вохӯрӣ бо мақомоти расмӣ, нашри матлаб дар сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро надоранд.

Баҳси президенти Амрико бо демократҳои он кишвар, ки аксар курсиҳои Маҷлиси Намояндагонро дар ихтиёр доранд, аз чанд моҳ ба ин тараф идома дорад. Ихтилофи Доналд Трамп бо демократҳо дар Конгресси Амрико дар масъалаи ҷудо кардани буҷет барои сохтани девор дар марз бо Мексика боис шудааст, ки бахшҳое аз ҳукумати федералӣ аз фаъолият монад.

Трамп хостори ҷудо кардани 5,7 миллиард доллар барои бунёди ин девор аст. Аммо демократҳо бо ин дархост розӣ нестанд. Ин ихтилофҳо боис шудааст, ки давоми як моҳи ахир 800 ҳазор корманди давлатӣ сари кор нараванд ё маош дарёфт накунанд.

XS
SM
MD
LG