Ссылки доступа

Киштиҳои дар баҳри Сиёҳ оташгирифта дар рӯйхати таҳримҳои ИМА шомил буданд


Танкер ё киштиҳои нафткаши "Канди" ва "Маэстро", ки бо парчами Танзания ҳаракат мекарданд, рӯзи 21 январ дар тангнои Керч ҳангоми талоши истихроҷи нафт оташ гирифтанд.

Ба ин танкерҳо ба далели шомили рӯйхати таҳримҳои ИМА будан, иҷозат нашуд, ки ба бандари Русия ворид шаванд.

Танкерҳои мазкур соли гузашта ба далели интиқоли нафт ба Сурия шомили рӯйхати таҳримҳо шуданд. Вазорати адлияи ИМА ҳушдор дод, ки ҳама гуна ҳамкорӣ бо киштиҳои таҳримшуда ҷарима дар пай дорад.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, соҳибони истгоҳи "Мактрен-Нафт" ба танкери "Маэстро" иҷозат надоданд, ки ба бандари Темрюк дар кишвари Краснодар ворид шавад.

Бино ба иттилои расонаҳо, 14 маллоҳ наҷот дода шуда, 10 кушта ва боқимондаҳо гумшуда эътироф шуданд. Дар маҷмуъ дар ду киштӣ 32 маллоҳ - шаҳрвандони Туркия ва Ҳиндустон ҳузур доштанд. Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

XS
SM
MD
LG