Ссылки доступа

Дар Туркманистон фиристодани китоб ба хориҷ бидуни хулосаи китобхона манъ шуд


Аз сокинони Туркманистон, ки мехоҳанд, ба хориҷ китоб фиристанд, аз Китобхонаи давлатии ин кишвар маълумотнома талаб мешавад. Дар ин бора яке аз хабарнигорони Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Туркманистон хабар дод.

Сокинони Туркманистон то ҳол метавонистанд, то чаҳор китобро бидуни пешниҳоди санаде ба хориҷ фиристанд.

"Қоидаи нав аз 1 январи соли равон ҷорӣ шудааст. Вале сокинон танҳо пас аз муроҷиат ба хадамоти давлатии "Туркманпочта" ё Хадамоти почтаи EMS огаҳӣ ёфтан. Масъулони ин ду ниҳод ба корафтодаҳо гуфтаанд, акнун ҳатто барои фиристодани як китоб низ бояд аз Китобхонаи давлатӣ маълумотнома биоред", - изҳор дошт хабарнигор.

Китобхонаи давлатии Туркманистон бояд хулоса диҳад, ки китобҳои ба хориҷ ирсолшаванда ганҷинаи миллии Туркманистон нестанд. ​"Ин санҷиш се рӯз давом мекунад. Аввал барои фиристодани як китоб як соат сарф мешуд, ҳоло 4-5 рӯз даркор аст", - мегӯяд хабарнигор.

Ба гуфтаи ӯ, ҳатто барои фиристодани китобҳое, ки 40 - 50 сол пеш, дар давраи шӯравӣ нашр шудаанд, бояд аз Китобхонаи давлатии Туркманистон маълумотнома бигирӣ.

XS
SM
MD
LG