Ссылки доступа

Украина аз се созишномаи ҳамкорӣ дар доираи ИДМ хориҷ шуд


Девони вазирони Украина қарор кард, ки фаъолияти се созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бекор карда шавад.

Инҳо қарордоди табодули байнидавлатии маълумоти иқтисодӣ, қарордоди табодули маълумот дар бахши иқтисоди хориҷӣ ва қарордоди ҳамкорӣ дар бахши фаъолиятҳои марбут ба иқтисоди хориҷӣ ҳастанд.

Ду санади аввал солҳои 1992 ва 1993 дар Минск ва Москва имзо шудаанд. Созишномаи севум дар бораи ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди хориҷӣ 15-уми майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид.

Бино ба қарори ҳукумати Украина, Вазорати умури хориҷии ин кишвар бояд дар кутоҳтарин фурсат кумитаи иҷроияи кишварҳои ИДМ-ро аз қатъи фаъолияти қарордодҳои номбурда огоҳ кунад.

Моҳи декабри соли 2018 дар Украина қонун дар бораи манъи созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Русия, ки соли 1997 имзо шуда буд, ба иҷро даромад. Президенти Украина Петр Порошенко ин қарорро "танҳо як бахши стратегияи Киев барои шикастани гузаштаи истеъморӣ" унвон кард.

XS
SM
MD
LG