Ссылки доступа

Қаллобони интернетӣ барои ҷамъоварии иттилои шахсии корбарон сомонаи UZCARD сохтанд


Мақомоти бонкии Ӯзбекистон истифодаи тамғаи Uzcard-ро аз сӯи қаллобони интернетӣ таҳқиқ мекунад. Дар ин бора аз мақомоти бонкии он кишвар 22 январ хабар доданд.

Афроди ношинохтае иттилои дохили сомонаи Uzcard.uz-ро нусхабардорӣ карда, дар бораи таъсиси иқдоми нави муштараки UzCard бо WEBSUM хабар доданд.

Қаллобони интернетӣ ба ҳамаи корбарон ваъда додаанд, ки фоизи маблағҳояшонро бештар мекунанд, аммо дар иваз корбарон бояд ҷузъиёти корти бонкии худро ошкор намоянд.

"Ин иқдомро низоми пардохти байнибонкии Uzcard роҳандозӣ накардааст. Таҳқиқ идома дорад ва дар ояндаи наздик дар бораи он иттилои муфассал медиҳем", - хабар додааст Маркази миллии байнибонкии Ӯзбекистон.

XS
SM
MD
LG