Ссылки доступа

Аккоси тоҷик дар баҳси додгоҳӣ бо Палатаи савдо пирӯз шуд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 23-уми январи соли 2019. Лавҳаи ёдгорӣ барои қурбониёни Шарора. Зиндагии хатарнок дар болои лӯлаҳои газ. Натиҷаи сафари Шавкат Мирзиёев ба Олмон. Дар Кӯлоб сокинон аз бехабарӣ шикоят мекунанд. Додгоҳ ҷониби аксбардори шинохтаи тоҷикро гирифт. Роналдо ҷарима супорид, то зиндонӣ нашавад. (видео)

- Назари тоҷикон ба низоми сохтаи Владимир Ленин. Владимир Ленин, ки чун "доҳии пролетариатҳои ҷаҳон" муаррифӣ мешуд, дар асарҳо ва ашъор тавсиф мешуд. Ҳоло доираҳои зиёде шахсияти Ленинро ба баҳс мекашанд ва таъсири амалкардҳояшро ба мардуми тоҷик баҳогузорӣ мекунанд. Ҳар нафар бо такя ба бардоштҳои худаш аз ин арзишёбиҳо назар медиҳад (видео)

- Зиндагӣ дар ҳамсоягӣ бо лӯлаи газ. Амният ё манзил? Хабари барои бисёриҳо хушҳолкунандаи азсаргирии интиқоли гази табиии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бархе сокинони Душанберо нороҳат кард. Ин хабар барои онҳо баробар бо ҳушдор ё хатари аз даст додани манзили зист аст.
Яке аз шоҳқубурҳое, ки тавассути он баъди ҳудудан 10 сол гази Ӯзбекистон ба Душанбе оварда шуд, аз дохили манзили зисти даҳҳо сокини қисматҳои ғарби Душанбеву навоҳии атроф мегузарад. (видео)

- Кори неки мардуми Зафаробод дар ҳаққи худ. Муаллифи видео рӯзи 22-уми январ гуфт, ки дар гузашта пулро сел чанд дафъа хароб кард ва мардум зимни убур аз он бисёр азоб мекашиданд. Ҳоло умедворанд, пули ба сел тобоваре, ки сохтаанд, то дер барои мардум хидмат мекунад (видео)

- Аккоси тоҷик дар баҳси додгоҳӣ бо Палатаи савдо пирӯз шуд. Аксбардор Геннадий Ратушенко дар баҳси додгоҳӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, баранда шудааст (видео)

- "Роҳ ба Хуҷанд боз шуд, аммо хатари тармафароӣ боқист". Дар ду шабонарӯзи ахир дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки маркази Тоҷикистонро бо шимол мепайвандад, 30 тарма фаромадааст. Дастикам ду рӯз ин роҳ баста буд (видео)

- Ҷамила Стехликова: «Мардуми қазоқ барои демократия омода аст». Вазири пешини ҳуқуқи инсон ва ақалиятҳои миллии Ҷумҳурии Чех рӯйдодҳои ватани аслиашро пайгирӣ мекунад. Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ вай фикру мулоҳизаҳояшро дар бораи сиёсати Қазоқистон изҳор дошт (видео)

- Осиё: рақамгузории дарахтон дар Ӯзбекистон. Дар Қазоқистон хонандаҳои синфи 10-ум ҳамсолони худро сахт латтукӯб карданд. Вакилони порлумони Қирғизистон кодексу қонунҳоеро тағйир медиҳанд, ки худ қабул кардаанд. Дар Ӯзбекистон ба ҳар як дарахт рақами махсус дода мешавад. (видеои Настоящее время)

- Одри Асел аз Бишкек боздид кард. Саргузашти духтари 12-солаи қирғиз, ки дар ИМА бузург шудааст. Ӯро 11 сол пеш ба фарзандӣ қабул карданд ва тамоми айёми кӯдакияшро дар ИМА гузаронда, нимсол мешавад, бо забони қирғизӣ ва маконҳое аз наздик ошно мешавад, ки дар акс дида буд. (видеои Настоящее время)​

- "Ин буҳрони воқеии инсонист". Чи гуна амрикоиҳо шатдаунро пушти сар мекунанд. (видеои Настоящее время)​

- Ленин дар Қирғизистон: Зинда аст ё фаромӯш шудааст? Дар Бишкек 21 январ - дар рӯзи марги пешвои пролетариати ҷаҳон - пайравони мафкураи комунистӣ мулоқот карданд (видео)

- Чаро сиркбозони қирғиз дар назди Кохи сафед тазоҳурот карданд? (видео аз Директ)

- Модарони серфарзанди Қазоқистон истеъфои вазири ҳифзи иҷтимоиро талаб доранд. Бонувони қазоқ ба воситаи интернет ба президент Нурсултон Назарбоев муроҷиат карда, истеъфои вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Мадина Абилқосимоваро хостор шуданд. (видео аз Директ)

- Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос оғоз шуд. (видеои Настоящее время)

- Дар Қазоқистон гумонбарони куштори ҷангалбон боздошт шуданд (видеои Настоящее время)​

- Раҳбарони кишварҳои шӯравии пешин чи гуна тағйир ёфтанд ва 10 сол пеш чи гуна буданд (нигористон)

- Светланаи 65-сола мерақсад (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG