Ссылки доступа

Додситонии Ӯзбекистон қазияи тахриби манзилҳои 120 хонаводаро дар Фарғона таҳти назорат гирифт


Додситонии кулли Ӯзбекистон қазияи тахриби манзилҳои зист дар маркази шаҳри Фарғонаро, ки норозигии баъзе аз сокинонро ба бор овардааст, зери назорат гирифт.

Ба огаҳии додситонӣ, ба омӯзиши масъала як гуруҳи мутахассисон вазифадор шуда, рӯзҳои наздик маълумоти иловагӣ дар ин бора нашр хоҳад гашт. Пештар хабар доданд, як гуруҳи сокинони Фарғона намехоҳанд, хонаҳои худро, ки бояд тахриб шаванд, тарк кунанд. Онҳо мегӯянд, мақомот ба ҷои манзилҳояшон дар макони дур аз маркази шаҳр хонаҳои бесифат пешниҳод доранд.

Ба иттилои ин манбаъ, сокинони 72 хонаи 8 бино дар кӯчаи Алишер Навоии Фарғона бар асоси қарори Додситонии кулли Ӯзбекистон, бояд ба биноҳои наве дар кӯчаи Регистони шаҳр кӯчонида шаванд, ки ба гуфтаи мақомот, "босифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои бинокорӣ" бунёд шудаанд. Хонаҳои нав дорои низоми алоҳидаи гармидиҳӣ, барқ, газ ва обанд. То 21 январ 43 хонавода ба хонаҳои нав кӯчидаанд", - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Хонаҳои воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоии Фарғона ба иллати "қадимӣ буданашон" бо дастури шаҳрдор Ҳомиҷон Ҳабибиддинов тахриб мешавад. Бино ба хабарҳо, беш аз 40 хонаводаи ин биноҳо, ки ба гуфтаи мақомот ба хонаҳои нав кӯчиданд, то ҳол санади манзилҳои худро дастрас накардаанд.

Яке аз ин сокинон мегӯяд, бо шароити хонаҳое, ки ба онҳо дар кӯчаи Регистон додаанд, розӣ нестанд. "Як ҳафта пеш ба хонаи нав кӯчидем. Онҷо ҳанӯз ҳам устоҳо кор мекунанд. Бо кӯдаки 3-солаам се рӯз дар сардӣ ба сар бурдем, шабакаи гармидиҳӣ кор намекард. Як ҳамсояам ба хонаи ман омада, гиря кард. Мегӯяд, симҳои барқи хонаи наваш пурра сӯхтаанд", - афзуд ӯ.

Сокиноне, ки то ҳол ба хонаҳои нав накӯчидаанд, мегӯянд, мақомот бо додани иттилои нодуруст ба ҳукумату додситонии кул ба онҳо фишор меоранд, то хонаҳои худро тарк кунанд.

Пештар хабар доданд, Виктор Аристови 44-сола, сокини яке аз биноҳои тахрибшавандаи кӯчаи Алишер Навоӣ 19 январ аз сактаи қалб фавтидааст. Ба гуфтаи наздиконаш, Аристов натавонист, ҳаяҷони худ ва фишори рӯзафзуни мақомоти маҳаллиро бардорад.

XS
SM
MD
LG