Ссылки доступа

Ҳангоми сафари Мирзиёев ба Олмон танқид дар расонаҳои олмонӣ аз ситоиш бештар буд


Бархилофи интизороти мақомоти Ӯзбекистон аз созишнома бо оҷонсии олмонӣ, дар остонаи сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Олмон, дар расонаҳои ин кишвар матолиби танқидӣ ба нашр расид.

Дар расонаҳои Олмон ба муносибати сафари Мирзиёев ба ин кишвар дар бораи Ӯзбекистон чандин мақолаи танқидӣ нашр шуд, ҳол он ки интизор мерафт, зимни созишномаи Тошканд бо оҷонсии олмонии "GPRC German PR and Consulting Group GmbH" вазъ дар Ӯзбекистон мебоист ситоиш меёфт.

Бар пояи созишнома дар арафаи сафари мазкур гурӯҳе аз рӯзноманигорони олмонӣ дар Ӯзбекистон меҳмон шудаанд ва барояшон ҳамаи шароити кор фароҳам гаштааст. Ин рӯзноманигорон ҳамчунин бо мансабдорони баландпояи Ӯзбекистон мулоқот кардаанд.

Аммо дар ҷараёни сафари президенти Ӯзбекистон ба Олмон матлабҳое нашр шуд, ки дар онҳо "аз ситоиш дида танқид бештар аст", - мегӯяд таҳлилгари олмонӣ Эккехард Маас.

Ба гуфтаи бунёдгузор ва раҳбари GPRC German PR and Consulting Group Константина Пановко, "ҳадаф ситоиши Ӯзбекистон набуд. Онҳо Ӯзбекистонро бояд тавре ки ҳаст, ба Олмон муаррифӣ мекарданд". Пановко гуфт, ширкати зери раҳбарии ӯ ба муҳтавои матлабҳо ҳеч гуна таъсире нарасондааст.

Матлаби яке аз рӯзноманигорони олмонӣ Феликса Лилляи 34-сола, ки бо дархости оҷонсии мазкур аз Ӯзбекистон боздид кард, "Ғуломони тилои сафед" ном дорад. Он дар асоси вохӯриҳо бо вазири меҳнати Ӯзбекистон ​Шерзод Қудбиев ва раҳбари Форуми ҳуқуқи инсони Ӯзбекистону Олмон таҳия ва дар яке аз нашрияҳои маъруфи олмонӣ -- Frankfurter Rundschau нашр шудааст.

Таҳлилгари олмонӣ Экхард Маас мегӯяд, "мафкураи олмонӣ матлабҳои ситоиширо қабул надорад ва чунин матолиб метавонанд вокуниши баръакс диҳанд.

Ӯзбекистон дар давоми 25 соли президентии Ислом Каримов дар сархати гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ва изҳороти расонаҳои ғарбӣ дар бораи "меҳнати иҷборӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон" қарор дошт.

Аз президенти нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар расонаҳои олмонӣ ҳамчун "лидери ислоҳотхоҳ" ном бурда мешавад, ки "ба тағйир ва шаффофият талош мекунад".

XS
SM
MD
LG