Ссылки доступа

Марзбонони Қирғизистон як шаҳрванди Қазоқистонро паронданд


Қирғизистон ҷасади шаҳрванди Қазоқистонро, ки марзбонони ин кишвар паронда буданд, 24 январ ба наздиконаш супурд.

Дар ҳоли ҳозир мақомоти марзбонии ду кишвар ҳодисаро бо ҳам тафтиш доранд. Чанде пеш намояндаи мақомоти марзбонии ду кишвар мулоқот карданд. Наздикони қазоқистонии кушташуда 23 январ ба вилояти Таласи Қирғизистон рафтанд, то дар рафти тафтишот иштирок кунанд.

Марзбонони Қазоқистон ҳамзамон ҷустуҷӯи ду қочоқчии дигарро идома медиҳанд, ки дар ҳудуди ин кишвар паноҳ бурдаанд. Амалиёти ҷустуҷӯии низомиёни Қирғизистон дар ноҳияи Манаси вилояти Талас низ идома дорад.

Бино ба хабарҳо, вазирони умури хориҷии Қазоқистону Қирғизистон -- Бейбут Отамқулов ва Чингиз Айдарбеков 24 январ дар як суҳбати телефонӣ ҳодисаро баррасӣ карданд.

Ёдрас мешавем, марзбонони Қирғизистон 23 январ дар минтақаи Жайилгани вилояти Талас се нафареро боздошт карданӣ буданд, ки мехостанд, даҳҳо аспро ғайриқонунӣ ба Қазоқистон бибаранд. Гумонбарон бо силоҳи сард муқобилат нишон доданд.

Дар изҳороти Хадамоти марзбонии Қирғизистон омадааст, ки гумонбарон оташкушоии огоҳкунандаи сардҳадбононро нодида гирифтанд ва бинобар ин, сарбозон маҷбур шуданд, онҳоро паронанд. Дар натиҷа яке аз қочоқчиён ба ҳалокат расида, ду тани дигар ба ҳудуди Қазоқистон паноҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG