Ссылки доступа

Виктор Янукович барои хиёнат ба давлат ба 13 соли зиндон маҳкум шуд


Что привело к смене власти в Украине и бегству Януковича в Россию
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:19 0:00

Додгоҳи ноҳияи Оболони шаҳри Киев президенти пешини Украина Виктор Януковичро ғоибона 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ дар хиёнат ба давлат ва мусоидат ба "ҷанги таҷовузкорона зидди Украина" айбдор шуд.

Додрас Януковичро дар робита ба айби таҷовуз ба тамомияти арзии Украина, ки ба марги одамон сабаб шудааст, бегуноҳ эълом кард.

Пахши мустақими Радиои Озодӣ аз толори додгоҳ:

Худи Янукович дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур надошт. Ба гуфтаи вакили мудофеаш, ӯ ҷарроҳӣ шуда, феълан табобат мегирад.

Додситонии кулли Украина пештар хоста буд, ки Янукович дар хиёнат ба давлат айбдор эълом ва 15 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Президенти пешини Украина, ки пас аз эътирозҳои оммавӣ қудратро аз даст дод, аз соли 2014 ба ин сӯ дар Русия зиндагӣ мекунад.

Янукович мурофиаҳои додгоҳии зидди худро "мазҳака" номид.

XS
SM
MD
LG