Ссылки доступа

Ташхиси ҳазорҳо хонандаи мактаб барои ҷилавгирӣ аз ВИЧ


Пизишкон хуни ҳудуди 120 ҳазор хонандаи мактабро дар Тоҷикистон ташхис хоҳанд кард, ки ба вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) гирифторанд, ё не. Мақомот мегӯянд, ҳадаф маълум кардани кӯдакони олуда ба ВИЧ ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани онҳост.

Дар миёни беш аз 7 ҳазор гирифтори бемории вируси норасоии бадан дар Тоҷикистон беш аз 800 нафарашон кӯдак ҳастанд.

Ҷамила, модари ду кӯдаки мактабхон, аз тарафи маъмурияти мактаб нома гирифт, ки кӯдаконаш аз ташхиси ВИЧ гузаранд ва ӯ бояд иҷозаи хаттӣ бидиҳад. Вай танҳо баъди суҳбат бо мутахассисон ва омӯзгорон ба ин кор розӣ шуд.

"Илова ба ин, шавҳарам гуфт, бояд худат дар ҷараёни хунгирӣ иштирок кунӣ. Назорат кунӣ, ки дар шароити хуб ташхис мешаванд", - гуфт ӯ рӯзи 24-уми январ.

Дилшод Сайбурҳонов, муовини раиси Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ гуфт, тибқи таҳлили онҳо хонандагони мактаб аз гурӯҳҳои осебпазир нестанд, вале зарур донистанд, ки як қисми хонандагонро ташхис кунанд.

“Маърака бепул аст. Таҳиқиқоти мазкур ба мо имконият медиҳад, ки дар оянда нақшаи чорабиниҳоро омода карда, тибқи он барои пешгирӣ аз паҳншавии ВИЧ дар миёни байни кӯдакон кор барем”, - гуфт ӯ.

Мақомот мегӯянд, натиҷаҳои ташхис махфӣ буда, танҳо ба Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ ирсол мегардад. Дар сурати ошкор шудани вирус дар бадани хонанда, баъди се рӯзи ташхис волидони ӯ барои суҳбат ба Марказ даъват мешаванд.

XS
SM
MD
LG