Ссылки доступа

Шаҳрванди Қирғизистон барои паҳн кардани навори занозании Намангон боздошт шуд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гумонбари паҳнсозии наворҳои барангезандаи хусумати миллиро боздошт кард.

Маркази матбуотии вазорат 24 январ хабар дод, ки паҳнсозандаи навор тавассути WhatsApp боздошт шуд. Дар навор занозании ҷавонон сабт шудаст. Гуфта мешавад, ҳодисаи занозанӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон рӯй додааст.

Навор дар шабакаҳои иҷтимоии дигар миёни корбарони қирғиз дар фосилаи кутоҳе ба таври густарда паҳн шуд. Корбарон навиштанд, ки ҳодиса дар вилояти Ӯши Қирғизистон рух додааст.

Аммо вазорати корҳои дохилии Қирғизистон мегӯяд, ин ҳодисаи вилояти Намангони Ӯзбекистон аст. Додситонии кулли Ӯзбекистон расман онро шарҳ дод. Ба иттилои додситонӣ, дар ин робита парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG