Ссылки доступа

Аз эшону сайидзодаҳои Тоҷикистон хостанд, санад биоранд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 24-уми январи соли 2019. Ҳукумати Душанбе мехоҳад аз ҳисоби иқдомҳои ташвиқкунанда "облава"-и ҷавонон ба артишро барҳам занад, оби ҷӯй замини деҳаро фурӯ мебарад, муҷозоти духтарони ҳиҷобпӯш ва волидонашон дар Қазoқистон ва матолиби дигар. (видео)

- "Ҳама дар дасти худашон, барои ҳамин боздошт намекунанд". Дар ҳоле ки мақомот аз азми қавӣ дар мубориза бо коррупсия ҳарф мезананд, сокинон мегӯянд, ришвахориву тамаъҷӯии мансабдорон рӯзгори онҳоро табоҳ кардааст. (видео)

- Тренди нав дар Тоҷикистон – занҳои хонашин, вале коргар. Бештари занҳои хонашин дар Тоҷикистон ба хотири гузоштани саҳм дар будҷаи оила, ба иловаи рӯбучину пухтупаз ва нигоҳубини кӯдакон, кор мекунанд (видео)

- Дардисарҳои "паймони шифоҳӣ" дар ҷомеаи Тоҷикистон (видео)

- Ташхиси ҳазорҳо хонандаи мактаб барои ҷилавгирӣ аз ВИЧ. Пизишкон хуни тақрибан 120 ҳазор хонандаи мактабро дар Тоҷикистон ташхис хоҳанд кард, ки оё гирифтори вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ҳастанд ё не (видео)

- Истифодаи ҷуфтҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ - "хатарнок" ё "талаби замон"? (видео)

- Аз эшону сайидзодаҳои Тоҷикистон хостанд, ки санад биоранд. Як масъули Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз сайидзодаҳо даъват кардааст, ки шаҷаранома ё санади тасдиқкунандаи пайванди онҳо ба хонадони паёмбари исломро барои таҳқиқ ва нашр пешниҳод кунанд (видео)

- Осиё: зиндагӣ дар паҳлуи лӯлаи газ. Дар Қазоқистон муҳосибон барои дуздии $1 млн-и бемористонҳо зиндонӣ шуданд: вале ба сардухтури масъули молӣ чизе намегӯянд. Сокинони деҳае дар Душанбе дар паҳлуи лӯлаи газ зиндагӣ доранд: онҳо метарсанд, вале ба ҷои дигар намераванд. Дар Туркманистон барои фиристодани китоб ба хориҷ аз Китобхонаи миллӣ иҷозатнома талаб мекунанд. (видеои Настоящее время)

- Чӣ боиси тағйири қудрат дар Украина ва фирори Янукович ба Русия шуд? (видеои Настоящее время)

- Венесуэла зидди Мадуро эътироз ва аз Гуайдо ҷонибдорӣ мекунад. Президенти Венесуэла Николас Мадуро бо вуҷуди эътирозҳои сартосарӣ истеъфо доданӣ нест. Ахиран раҳбари мухолифон ва раиси порлумони ин кишвар Хуан Гуайдо худро президенти муваққатӣ эълом кард. (видео аз Директ)

- Дар бораи мушкили ҷавонон. Дар Қазоқистон расман Соли ҷавонон оғоз шуд. Вакилони порлумон ба суолҳои Радиои Озодӣ дар бораи роҳҳои ҳалли мушкили ҷавонони қазоқ посух гуфтанд. (видео)​

- Ҷамила Стеҳликова: «Мардуми қазоқ барои демократия омода аст». Вазири пешини ҳуқуқи инсон ва ақалиятҳои миллии Ҷумҳурии Чех рӯйдодҳои ватани аслиашро пайгирӣ мекунад. Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ вай фикру мулоҳизаҳояшро дар бораи сиёсати Қазоқистон изҳор дошт (видео)

- Одри Асел аз Бишкек боздид кард. Саргузашти духтари 12-солаи қирғиз, ки дар ИМА бузург шудааст. Ӯро 11 сол пеш ба фарзандӣ қабул карданд ва тамоми айёми кӯдакияшро дар ИМА гузаронда, нимсол мешавад, бо забони қирғизӣ ва маконҳое аз наздик ошно мешавад, ки дар акс дида буд. (видеои Настоящее время)​

- "Ин буҳрони воқеии инсонист". Чи гуна амрикоиҳо шатдаунро пушти сар мекунанд. (видеои Настоящее время)​

- Ленин дар Қирғизистон: Зинда аст ё фаромӯш шудааст? Дар Бишкек 21 январ - дар рӯзи марги пешвои пролетариати ҷаҳон - пайравони мафкураи комунистӣ мулоқот карданд (видео)

- Модарони серфарзанди Қазоқистон истеъфои вазири ҳифзи иҷтимоиро талаб доранд. Бонувони қазоқ ба воситаи интернет ба президент Нурсултон Назарбоев муроҷиат карда, истеъфои вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Мадина Абилқосимоваро хостор шуданд. (видео аз Директ)

- Раҳбарони кишварҳои шӯравии пешин чи гуна тағйир ёфтанд ва 10 сол пеш чи гуна буданд (нигористон)

- Светланаи 65-сола мерақсад (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG