Ссылки доступа

Равияи нав дар Тоҷикистон – занҳои хонашин, аммо коргар (видео)


Бештари занҳои хонашин дар Тоҷикистон ба хотири гузоштани саҳм дар будҷаи оила, ба иловаи рӯбучину пухтупаз ва нигоҳубини кӯдакон, кор мекунанд.

Баъзе аз онҳо давраҳои махсуси бозомӯзиро гузашта, дар манзили худ хадамоти ороишӣ фароҳам кардаанд, бархе барои дигарон ғизо омода мекунанд ва иддае дигар либос медӯзанд.

Работающая домохозяйка - новый тренд в Таджикистане
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:01 0:00

Лолита Холматова, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе, ду маълумоти олӣ ва ду кӯдаки хурдсол дорад. Вай хонашин аст, аммо ҳар рӯз барои таҳияи садҳо дона тушбера фармоиш мегирад.

“Қаблан ҳамроҳи хушдоманам барои дигарон аз маҳорати таҳияи ғизои миллӣ дарс мегуфтем. Боре тушбераи пӯхтаамон монд ва шогирдон онро хӯрданд. Ба онҳо маъқул шуд ва фармоишҳо барои таҳияи тушбера пайи ҳам омаданд”, - гуфт ӯ рӯзи 24-уми январ.

Дар як рӯз Лолита ва хушдоманаш то 1,5 ҳазор дона тушбера омода мекунанд. Барои ин кор то чаҳор соат вақт сарф шуда, ҳар 140 дона тушбера ба қимати 50 сомонӣ ба фурӯш меравад. “Маблағи ба дастомада барои харидани маводи зарурии оила сарф мешавад”, - мегӯяд Холматова.

Сокини дигари пойтахт Комила Раҳматова дар хона бекор нишаста натавонист. Вай оро додани абрӯи бонувонро омӯхт ва якуним сол боз дар манзили худ машғули ин ҳунар аст. Комила дар як рӯз абрӯи чаҳор духтарро оро медиҳад ва барои ҳар яке аз онҳо то ду соат вақти худро сарф мекунад. Ҳамсӯҳбати мо ҳоло интизори фарзанди дувум аст ва новобаста аз ҳомилагӣ шуғли худро идома медиҳад.

Бархе аз занҳои тоҷик пулкоркунӣ тавассути Интернетро омӯхта, мағозаҳои онлайнӣ боз мекунанд ё машғули идораи сомонаҳои иҷтимоӣ мешаванд. Ҳамчунин, матни муштариёнро таҳрир мекунанд.

XS
SM
MD
LG