Ссылки доступа

Сар аз соли 2010 ба ин сӯ шумори сайёҳон дар Қирғизистон 6 мартаба афзудааст


Мақомоти Қирғизистон хабар медиҳанд, ки солҳои охир тамоюли устувори рушди шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар меафзояд.

Дар ин бора Алина Шаикова, раиси Хадамоти сабти давлатии Қирғизистон хабар дод.

"Агар дар солҳои 2010-2011 ҳаҷми миёнаи муҳоҷирон наздики 70 ҳазорро ташкил медод, пас дар соли 2018 бештар аз 450 ҳазор хориҷӣ сабт шудааст. Ин танҳо омори онҳоест, ки расман барои қайд муроҷиат мекунанд. Онҳое, ки аз қайд озод ҳастанд, дар ин омор шомил намешаванд", - гуфт Шаикова.

Миёни 45 кишваре, ки рафту омади онҳо ба Қирғизистон бидуни раводид ё виза иҷозат аст, аз ҳама бештар шаҳрвандони Куриёи Ҷанубӣ, ИМА ва Олмон аз Қирғизистон дидан кардаанд.

XS
SM
MD
LG