Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҳаҷми иқтисоди "соягӣ"-ро муайян карданд


Ҳаҷми иқтисоди Қирғизистон, ки дар соли 2017 аз назорат берун мондааст, 125,2 млрд сом (1,8 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад. Ин рақам баробар ба 23,6%-и Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Қирғизистон аст.

Ба огаҳии Кумитаи омори Қирғизистон, саҳми иқтисоди пинҳонӣ ё ба истилоҳ "соягӣ" дар ММД дар соли 2017 назар ба соли 2016 коҳиш ёфтааст ва он асосан дар бахшҳои савдои яклухту чакана, таъмири мошин ва сохтмон мушоҳида шудааст.

Вазорати иқтисоди Қирғизистон соли 2018 бо дастгирии Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд пажуҳиши ҳаҷми бахшҳои иқтисоди ин кишварро оғоз кардааст, ки аз назорат берунанд. Коршиносон сабабҳои асосӣ ва миқёси иқтисоди пинҳонӣ ё ба истилоҳ “соягӣ”-ро муайян ва тавсияҳои худро барои коҳиши он пешниҳод мекунанд.

Вазорати иқтисоди Қирғизистон тасмим дорад, дар асоси натиҷаҳои пажуҳиш нақшаи тадбирҳои коҳиши сатҳи иқтисоди аз назорат берунро барои солҳои 2019-2020 таҳия кунад.

Вазорат тасдиқ мекунад, ки ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ дар ин кишвар бузург буда, дар сатҳи баланд боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG