Ссылки доступа

Аз Остона хостанд, ҷараёни дарёфти шаҳрвандиро барои қазоқтаборҳо сабук кунад (видео)


Рисбек Токтасин, роҳбари созмони ҷамъиятии "Ел-амонат"-и Қазоқистон 25 январ гуфт, дар ин кишвар чанд ҳазор оралман қазоқтаборе зиндагӣ доранд, ки аз минтақаи Шинҷони Чин омадаанд.

Ба гуфтаи вай, онҳо бино бар сабабҳои мухталиф наметавонанд, ки шаҳрвандии Қазоқистонро дарёфт кунанд.

Токтасин аз 3200 қазоқтабор ном мебарад, ки дар робита ба гузаштани муҳлати шаҳодатномаи оралманиашон натавонистаанд, шаҳрвандии Қазоқистонро бигиранд. Вай мегӯяд, мумкин аст, шумори чунин афрод ба маротиб бештар бошад.

"Дар гузашта аз оралманҳо талаб мешуд, ҳуҷҷати доштан ё надоштани доғи судиро аз кишваре, ки шаҳрвандиашро доранд, пешниҳод кунанд. Дарёфти чунин ҳуҷҷат кори сахт буд", - гуфт Рисбек Токтасин.

Ширкатдорони нишасти хабарие, ки 25 январ дар шаҳри Алматои Қазоқистон барпо шуд, аз мақомот талаб карданд, гирифтани шаҳрвандиро барои оралманҳо сабук кунанд.

XS
SM
MD
LG