Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон мудири мактаб ба латтукӯб ва дарондани пардаи гӯши хонанда айбдор мешавад


Дар Ӯзбекистон мудири мактаби №4-и ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарё як хонандаи синфи 11-ро барои дер кардан ба дарс латтукӯб карда, пардаи гӯшашро даррондааст. Модари хонанда мегӯяд, зидди мудир ҳеч гуна чора андешида намешавад.

Ҳамшираи 40-сола Нодира Эргашева аз маҳаллаи "Полвонлар юртӣ" дар ноҳияи Ҷарқӯрғон мегӯяд, мудири мактаби рақами 4 Дилшод Бабанов писари 18-солаи ӯ Анвар Маматмуродовро латтукӯб карда, пардаи гӯшашро дарондааст.

"Он рӯз мудири мактаб тамоми хонандаҳоеро, ки ба дарс дер карданд, ҷамъ мекунад. Писари ман низ ба мактаб дер расидааст. Мудири мактаб ӯро ба назди худ хонда, каллапӯшашро гирифта, ба гӯшаш задааст. Тахминан соатҳои 12-и нисфирӯзӣ писарам ба ман занг зада, гуфт, гӯшаш дард мекунад. Ман ӯро ба беморхона бурдам ва онҷо гуфтанд, ки пардаи гӯшаш даридааст", - изҳор дошт Эргашева.

Ба гуфтаи Эргашева, писари ӯ тасмим дошт, имсол ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи низомӣ супорад. "Писарам орзу дошт, ки низомӣ шавад ва барои супоридани ҳуҷҷатҳояш ба омӯзишгоҳи низомӣ панҷ сол мешавад, омодагӣ медид. Вале акнун ӯ наметавонад аз ташхиси комиссияи низомии тиббӣ гузарад", - мегӯяд модари Анвар.

Худи Анвар мудири мактаби рақами 4-ро айбдор кард, ки ҳамеша хонандагонро латтукӯб мекунад. "Он рӯз 10-15 дақиқа дер карда будам. Мудир маро ба наздаш хонда, гуфт, каллапӯшамро бигирам ва сипас ба гӯшам якто зад", - гуфт хонанда.

Нозири корҳои фаҳмондадиҳии Ҷарқӯрғон Илҳом Норбоев гуфт, парвандаи марбут ба латтукӯби хонанда Анвар Маматмуродов ба додситонии ноҳия фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG