"Аз ҷониби президент Сооронбой Ҷеенбеков ва сарвазир Муҳаммадқулӣ Абилғозиев тасмими сиёсӣ гирифта шуд, ки ширкат дар ихтиёри давлат боқӣ монад. Ширкати давлатӣ бояд ба давлат фоида биорад. Мо талош мекунем, ширкати намунавиеро таъсис диҳем, ки 100 дарсади саҳмияҳояш дар дасти давлат аст. Кори бузурге идома дорад", - гуфт вай.
Жамангулов афзуд, дар 5 соли охир ширкат ба давлат наздики 214 миллион доллар фоида овардааст. Ба гуфтаи вай, давлат тасмим дорад, даромадҳоро аз "Мегаком" то 20-30% афзояд.
"Мегаком" яке аз се ширкати бузурги мобилии Қирғизистон ва яке аз корхонаҳои бузурги давлатӣ аст
Сар аз соли 2015 ҳукумати Қирғизистон се мартаба талош кард, ки "Мегаком"-ро фурӯшад. Девони вазирони он кишвар арзиши ширкатро 13,5 миллиард сом (тақрибан 150 миллион сомонӣ) арзёбӣ карда буд.