Ссылки доступа

Гумонбари дуздии расми Куинҷӣ боздошт шуд


Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод, ки гумонбари дуздии расми Куинҷӣ "Ай-Петрӣ. Қрим" аз нигористони Третяков боздошт шуд. Расмро ҳам пайдо карданд.

Гумонбар - марди 31 сола аст, ки пештар барои нигаҳдории маводи мухаддир боздошт шуда буд.

"Гумонбар дар шаҳраки Заречии вилояти Москва боздошт шуд. Мард гуфт, расмро дар як бинои навсохт дар ноҳияи Одинтсово пинҳон кардааст. Кормандони пулис расмро пайдо карданд", - хабар дод Ирина Волк, намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия.

Хабари дуздида шудани расмро, ки нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дар Вазорати фарҳанг ва Вазорати умури дохилии Русия тасдиқ карданд. Расмро ҳангоми намоишгоҳ дар ҳузури тамошобинон дуздидаанд. Шахси номаълуме дар либоси корманди осорхона расми Куинҷӣ "Ай-Петрӣ. Қрим"-ро гирифта, ғайб задааст.

Дар нигористони Третяков аз моҳи октябр ба ин сӯ намоишгоҳи Архип Куинҷӣ, рассоми нимаи дувуми асри XIX ва аввали асри XX идома дорад. Расми "Ай-Петрӣ" ба Осорхонаи Петербурги Русия таалуқ дошт. Арзиши бимаии он 12 миллион рубл аст. Дар осорхона гуфтанд, ки расмро бима карда буданд.

XS
SM
MD
LG